Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсаднокӣ гуфта, бо ҳам дуруст пайвастани «роҳи интихобкардашуда» ва суръати ҳаракат дар ин роҳ вобаста ба ҳолатҳои ҳаётӣ, шахсӣ ва муҳити берунаро меноманд.

Хирадмандӣ алоқамандии таҷрибаи зиндагӣ, «ояндаи зиндагӣ»-и шахсӣ, ҳиссиёти қувваҳо ва донистани он мебошад, ки дар натиҷаи равандҳои гуногун байни худ чӣ гуна мувофиқат мекунанд ва таъсир мерасонанд. Он унсурҳое, ки дар боло гуфта шуданд, ҷамъбасти гуфтаҳо оид ба тайёрии шахсият ва соҳибкасбии он мебошад.

Қувва қобилияти фаъолият кардан ва иқтидори имконотҳое, ки дар ҳаракати фаъол иҷро мегардад.

Миқдори таъсирҳо дар вақти инкишофи касбии худ вобаста аз равандҳое, ки шахсиятҳо истифода мекунанд, меафзояд.

Расми 5. Кулли қоидаҳое, ки дар аксари маврид шахсиятҳо (одамҳо) истифода мебаранд.

Яке аз унсурҳои соҳибкасбии менеҷер қобилияти шахсии баланд ба меҳнати самаранок мебошад, ки дар асоси худиинкишофдиҳии чор унсури шахсият ба вуҷуд меояд.

пешина
аз 512
навбатӣ