Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
унсури бо ҳам алоқаманд вобаста мебошад: дониш, усулдонӣ ва ҳаракат ба омӯзиш, ки дар расми 4 муайян карда мешавад.
Рсми 4. «Кордонӣ» ҳамчун системаи алоқаманди
«Дониш - усулдонӣ - ҳаракат маҳорат».
Кордонӣ менеҷерро имкон медиҳад, ки ба пеш ҳаракат карда, худашро ҳимоя карда тавонад. Шахсиятҳо дар натиҷаи кордонӣ аз дараҷаҳои вобаста, ё тобей ба дараҷаҳои мустақил мубаддал мегарданд. Барои ноил гаштан ба кордонӣ роҳҳои асосии зерин муайян карда шудааст:
- Фаъол будан дар фаъолияти роҳбарӣ.
- Пайдо кардани қобилияти банақшагирӣ, вақт ва вазифаҳо (рӯзи корӣ, моҳ, сол, 5 сол ва ғайра).
- Омӯзиши иҷрои пайдарпайи корҳо.
- Равона кардани қувват фақат барои бурд.
Меҳварҳои асосии ба мақсад расидан инҳо мебошанд:
бехатарӣ;
мақсаднокӣ;
хирадмандӣ;
қувва.
Бехатарӣ гуфта, боварӣ ба худ доштан, ҳис карда тавонистани моҳияти худ ва бартариятҳо, характеру қувва ва ғайраро меноманд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё