Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
- Ташкилотҳо дар оянда усули омӯзиши мукаммали бизнеси соҳибкориро пеш гиранд, чунки глобализатсияи иқтисодӣ, пайдоиши иттиҳодияҳои байналхалқӣ зарурати пурра ва ҳаматарафа омӯхтани тарафҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ, табиию географӣ, демографӣ ва экологии бизнесро талаб мекунанд.
Маълум мегардад, ки тақдири ояндаи ташкилот ва умуман ҷамъият аз менеҷмент ва инкишофи он вобастагии калон дорад.
Маҳз ҳамин сабаби он мебошад, ки бояд фанни менеҷментро дар тамоми донишгоҳҳо ва дар ҳама ихтисосҳо бихонанд. Дар шароити имрӯза ду ақида оиди таълими менеҷмент вуҷуд дорад:
-
Зарур мебошад, ки пурра мазмун ва усули омӯзиши фанни менеҷмент дигар карда шавад, то ки менеҷерони оянда дар ҷаҳони тез тағйирёбанда нисбатан самараноктар бошанд.
-
Нуқтаи назари дигар вуҷуд дорад, ки менеҷмент асосан амалия буда, онро дар ҷараёни истеҳсолот одамон меомӯзанд.
Дар ҳақиқат омӯзиши менеҷмент дар замони инкишофи босуръати илму техника чунон мақоми волоро гирифтааст, ки аллакай аз ҳудуди соҳаи иқтисодӣ берун баромада, ба илмҳои фалсафа, равоншиносӣ, сотсиология, риёзӣ, география, кибернетика, информатика, сиёсатшиносӣ хеле зич дар инкишоф мебошад. Аз ин нуқтаи назар барномаи менеҷмент бисёртар ба омӯзиши унсурҳои иҷтимоию психологӣ, санъати муносибатҳои шахсӣ, фикрронӣ ва эҷодкорӣ дар шароити номуайян равона карда шаванд.
Дар охир як қатор муаммоҳоеро дида мебароем, ки дар шароити босуръати менеҷменти замони нав оиди стратегияи пешвоӣ пайдо мегарданд:
- Вақт. Масоили якумине мебошанд, ки аксари менеҷерон ва гурӯҳҳои лоиҳаи алоҳида гирифтор мешаванд ва ин норасогии вақт мебошад. Як андеша намоем, менеҷер дар баробари кори ҳаррӯзаи худ бо вақти андешаи масоили инкишофи корхонаро чӣ тавр уҳда менамояд. Тадқиқотчиён муайян намуданд, ки ҳар рӯз вақти зиёди мо ба он сарф мешавад, ки мо онро хуб истифода бурда наметавонем. Стратегияи ҳалли ин масоил пеш аз ҳама дар зери назорат гирифтани вақти кории ҳар як шахс аз тарафи худаш буда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор