Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
роҳи ҷангал гузаштанро дорад. Бинобар ин нуқтаи муҳими ҷараёни омӯзиш ин аз ноомадҳо дилхаста нашуда, кофтукови роҳи мусбии инкишофро дорад.
Суръати ҷараёни омӯзишро дар асоси фаҳмиши он, ки нобарориҳо муваққатӣ буда, барои инкишофи оянда кӯмак мерасонанд, амал кардан зарур мебошад.
Аз ин ҷо талаботҳои нав оид ба равандҳои тағйироти рафтории коргарон пайдо мегардад. Онҳо аз шакли пештараи ташкилии истифодабарии захираҳои башарӣ фарқ мекунанд. Дар шароити нав ба коргарон озодии васеъ оид ба интихоби команда, ё худ гурӯҳи корӣ зарур аст, ки бо ақидаи онҳо ҳиссаи калон дар пешравии кори ташкилот гузошта метавонад. Ҷараёни ҷобаҷогузории коргарон бояд чунин ташкил карда шавад, ки онҳо якҷоя кор карда, бо мақсади кофтукови имконотҳои нави корхона ҳавасманд бошанд. Стратегияи менеҷмент оид ба захираҳои башарӣ ба кӯмак расонидани одамон барои интихоби ҷои оптималӣ дар гурӯҳ мебошад. Ин қоида аз рӯи фаҳмиши он, ки одамон ҷои зистро дар ҷое интихоб мекунанд, ки ба онҳо маъқул мебошад, дар корхона низ бояд ҳамин қоида бошад. Қайд кардан зарур аст, ки аъзоёни ташкилот бояд одамони пухта расида бошанд ва ба бозиҳои сиёсӣ алоқаманд набошанд.
Инкишофи коргарон вазифаи муҳими менеҷмент мегардад, чунки ин равия сарчашмаи таъмин намудани ташкилот ба инкишофи ҳаётан зарур, ки барои барқарор кардани маданияти баланди корӣ дар корхона ва таъмин намудани имконотҳои захираҳои башарӣ дар ду соҳа равон мегардад:
-
Моҳияти муҳимро командаҳое, ки маданияти омехта доранд мегиранд, яъне ҳайати гурӯҳ аз одамоне аст, ки дорои маданиятҳои гуногун мебошанд. Ташкилотҳо бояд имконоти захираҳои башариро таъмин сохта, кӯмак намоянд, то ки одамон дар командаҳо самаранок кор карда самараи хуб дошта бошанд.
-
Ҳавасмандкунии ақидаҳо ва пешгӯйҳо. Аксари корхонаҳо бояд ба омӯзиши имконотҳое, ки барои дигарон маълум нест, ҳавасманд мебошанд.
Бинобар ин таъмини ин имкониятҳоро метавонад, ки шахсиятҳои алоҳидаи дохили ташкилот таъмин намоянд. Чунки чунин пешгӯйҳои пешқадамона бисёртар имконоти амалигардӣ доранд, нисбат ба он, ки аз берун муайян карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор