Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар солҳои охир дар натиҷаи тадқиқотҳои зиёде оид ба функцияи «Назорат» аз ҷиҳати сохтори инкишофёфта равияи нави илмӣ ташаккул ёфтааст, ки «Контроллинг» ном гирифтааст.
Контроллинг гуфта, ҷамъи ҳама намуд ва шаклҳои назорати корхонаро меноманд, яъне ин назорати маъмурӣ, таҷҳизоти тафтиши фаъолияти корхона вазифадории комплексӣ ва системаи аудитро дар бар мегирад.
Сохтори назоратӣ
Назорати маъмурӣ
Назорати таҷҳизотӣ
Тафтиш
Назорати таҷҳизотӣ
Фаъолияти функсионалӣ
Фаъолияти идоракунӣ
Кори ҳайати ширкат (системан кормандӣ)
Объектҳои кормандон
Расми 17. Мазмуни системаи контроллинг.
Дар ҷамъбаст маълум аст, ки объект ва субъекти назорат дар системаи назорат дар корхона коргарон мебошанд, ки раванди роҳбариро (менеҷерон) пеш мебаранд ва иҷрокунандагон (коргарон) мебошанд.
Роҳбарӣ
Менеҷерони тамоми иерархияи идоракунӣ
Иҷрокунандагони ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолият
Назорат
Расми 18. Ҳайат - унсури асосии системаи назорат.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё