Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бо ақидаҳо диққатро ҷалб кунанд;

донишдӯст;

қавиирода.

Пешвоён ва менеҷерони асри XXI бояд, ки ҷараёнҳои асри ХХ-ро андеша карда ба соҳаҳои хатои зарури зерин диққат диҳанд:

маълумоти пурра “аз барг то реша”;

пешгирии сӯхтор;

алоқамандии бевосита;

глобализатсияи самаранок.

Маълумоти пурра - ин бояд стратегияи боқуввати менеҷмент бошад. “Ав барг то реша” ин маънои омӯзиши тамоми коргарон аз директор то коргари оддии ташкилот мебошад. Аксар мавридҳо менеҷерон аз ақидаи ҷорӣ кардани ягон барномаи маълумот дар зинаҳои поёнии менеҷмент даст мекашанд. Барномаи таълимии пурра имкон медиҳад, ки дигаргуниҳои технологӣ, иқтисодӣ ва ташкилие, ки дар корхона мешаванд, тез қабул гашта, омӯзише, ки навоварӣ надошта бошад истисно мешавад.

Ҳар як маълумот бояд нақшаи стратегияи ҷорӣ кардани худро дошта бошад. Менеҷерон вазифадоранд, ки доимо назорати ин нақшаро кунанд ва нагузоранд, ки маълумот бесамар бошад.

Ҳар сол иттиҳодияҳои байналхалқӣ миллиардҳо долларро барои машғуриятҳо доир ба ташаккули пешвоён сарф мекунанд. Амалӣ гардонияаи навоварӣ бе омӯзиши ҳаматрафа ғайриимкон мебошад. Агар ҳар як аъзои корхона ҳаракати амалӣ гардонияаи ақидаҳои навро надошта бошад, он замонавӣ будани худро гум мекунанд. Навоварӣ вақту дониши муайян талаб мекунад.

Дар замони худ, соҳибкори амрикои Генри Форд масъулиятро ба худ гирифта, шакли анъанавии фикррониро бо роҳи таълим тағйир дод. Мувофиқи курсҳои такмилӣ, ки ӯ ташкил намуд, коргарон ба ташкилот 2 млрд. доллар даромад оварданд. Ба ҷои маҷбур сохтан Г. Форд муҳити маданис сохт, ки навовариро кӯмак расонид.

Пешгирии сӯхтор. Зарурияти пешгирии сӯхтор баъди солҳои 70-уми асри
ХХ дар аксари компанияҳои ШМА ба вуҷуд омаданд. Дар яке тадқиқот ҳатто

пешина
аз 512
навбатӣ