Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

30.1. Пешвой ҳамчун хиради коллективӣ дар асри XXI

Санъати идоракунӣ зудтакмилёбанда ва тағйирёбанда буда, ҳар як давру замон боз қувваҳо ва талаботҳои нави худро доранд. Дар олами иттиҳодияи менеҷерон доимо доир ба инкишофи муътадили бизнес ва таъсири онро ба худашон муҳокима менамоянд. Лекин кам ҳолатҳое мешавад, ки роҳбарон ба идоракунӣ диққати махсус диҳанд.

Менеҷменти асри XXI бо асосҳои пойдеворӣ худ фарқ мекунанд, яъне пешвой, ҷараёнҳо ва ташкил. Муаллифи китоби «Менеҷменти асри XXI» Собир Чоудҳарӣ менависад, ки мо бояд орзуро кофтуков намоем, онро масъалагузорӣ намоем ва ба ҳаёт татбиқ намоем. Аз ин хотир пешвоиро ӯ ҳамчун «кофтукови орзуҳо» номидааст. Пешвоёни асри XX ба пешвоёни асри XXI ҳамон вақт гузашта метавонанд, ки чунин ақоиди «фикрронӣ»-ро дошта бошанд. Пешвоёни ҷӯянда барои амалӣ гардонидани орзуи худ фикр карда, системаи коммуникатсиониро истифода менамоянд. Инчунин як аъзои коллективро рӯҳбаланд карда, ҳаракат мекунад, ки онҳо ба ӯ бовар кунанд. Кофтукови доимии ақидаҳои нав ва кори самараноки ба ин мақсад равона шуда, асоси пешвой дар ҷустуҷӯи орзуҳо мебошад.

Барои он, ки кори Шумо барор гирад, бояд аз системаи хуби коммуникатсионӣ ба одамон истифода намоед. Ҳарчанд ки интернет, яке аз воситаҳои хуби муомила гаштааст, аммо истифода аз компютер ин ҳанӯз нишонаи самаранокии коммуникатсионӣ нест. Сӯҳбати озоди коммуникатсияи ҷамъиятӣ доштан, муҳити хуби корист, ки дӯстӣ пайдо мешавад ва мубодилаи ахборро ба вуҷуд меорад. Дар ташкилотҳои калон муомиларо шаклҳои анъанавии пайдарпайи ташкилӣ вайрон карда, одамон ҳамагӣ то 10% ахбори ба онҳо тааллуқ доштаро мегиранд. Коммуникатсияи самаранок имкон медиҳад, ки чунин монеаҳо аз байн бардошта шаванд.

Пешвои асри XXI бояд пурра ба натиҷагирии чунин муносибатҳои башарӣ бовар кунад, дар он ҳолат ин ҷараён тез гузашта ҳамаро фаро мегирад.

Шумо дар вақти сӯҳбат бояд ба ақл, эҳсосот ва дили ҳамсӯҳбат ҷой ёфта тавонед. Аслан хусусият, ҳолат ва вазъияти корро аз худи коргарон дида касе хуб намедонанд, агар, ба шарте ки Шумо онҳоро истифода карда тавонед.

пешина
аз 512
навбатӣ