Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
XXI бошад, инкишофи компютерҳои бисёрфункционалии махсус ва ба архитектураи баланд пешниҳод мегарданд.
Як гурӯҳ мутахассисон дар чунин ақида мебошанд, ки то солҳои 2015 дар бозори мамлакатҳо компютерҳои оптикӣ пайдо мегарданд, ки ахбор бо воситаи фотонҳо рамз гузошта шуда, махфияти онҳо пурра нигоҳ дошта мешаванд.
Тағйироти куллӣ инчунин дар соҳаи таъмини барномавии ахбор пешгӯӣ карда мешавад. Баъди солҳои 2010 барномаҳои худӯмӯзӣ дар назар аст. Инкишофи технологияи ахбори таъсири калон ба ташкили меҳнат ва шакли шуғли аҳолӣ мерасонад. Мавқеи зиёдро ҷойҳои коре мегиранд, ки талаби қувваи кории физиологӣ надоранд, яъне аксари корҳоро пурра робот ва автоматикунонӣ гирифта, талабот ба қувваи корӣ дар ҷойҳои кории анъанавӣ кам мешавад.
Инкишофи оммавиро шаклҳои гуногуни омӯзиши дистансионӣ бо воситаҳои компютерӣ ва шабакаи Интернет мегирад. Мавқеи маҳсулоти чопиро дар қоғаз, шакли электронӣ ахбор мегирад. Дар 10 соли оянда пулҳои электронӣ қисми зиёди пули нақдро аз гардиш мебароранд.
Биотехнология мувофиқи баҳои мутахассисони америкоӣ ҷои дуюмро баъди технологияи ахборӣ мегирад. Аз рӯи баъзе ҳисобҳо дар соли 2025 биотехнология то 20% КММ ташкил мекунанд.
Равандҳои асосии ояндаи иқтисодии биотехнологӣ ба хоҷагии қишлоқ, чорводорӣ, саноати микробиологӣ, саноати хӯрокворӣ, тандурустӣ, саноати дорусозӣ, энергетика, дар соҳаи ахбори технологӣ ва муҳофизати муҳити атроф, барқароркунии олами растаниҳо ва ҳайвонот истифода карда мешаванд.
Истифодаи усули биотехнологӣ ва махсусан геноинжинерия, илова ба усулҳои анъанавӣ имкон медиҳанд, ки шаклҳои нави маҳсулотҳо бароварда шаванд, ки мӯҳлати афзоиши растаниҳо хеле кам шуда, онҳо ба касалиҳо тобовар буда, тез ба табиат мутобиқ кунонида мешаванд. Дар оянда ихтирои навъҳои нави растаниҳо дар назар мебошанд, ки онҳо азотро аз ҳаво худашон гирифта, барои илова ба замин ворид кардани азот зарурат пайдо намегардад.
Инчунин дар оянда ихтирои намуди растаниҳое дар назар мебошанд, ки карбонро аз ҳаво фурӯ бурда, гармшавии ҳаворо дар рӯи замин эмин медоранд,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор