Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

моддӣ ва бехатарӣ, дар мамлакатҳои тараққӣкарда бошад дар навбати аввал ин талаботҳои худинкишофӣ ва худнишондиҳӣ мебошад.

  1. Фарқият дар инкишофи иҷтимоию мадании шахсиятҳо. Арзандагии иҷтимоию идоракунӣ ин мавҷуд будани ёзандагӣ, ки дар рафторҳои зерин дида мешаванд:
    қабули дигар маданият;
    фаҳмиши алоқамандии маданиятҳо;
    кушоду равшан будан дар ҷараёни коммуникатсионӣ;
    ӯҳдабароии баҳо додани шахсон дар қабули унсурҳои маданияти дигар барои идоракунии коргарон.

Механизми ташаккули маданияти иттиҳодиявӣ дар асоси концепсияи чор муҳит амалӣ мегардад (Нигаред ба расми 1).

Дар дараҷаи глобалӣ ба маданияти иттиҳодиявӣ омили мегамуҳит таъсир мерасонад. Макромуҳит низ ба дараҷаи миллӣ таъсир мерасонад. Макромуҳит ин дараҷаи микромуҳит ва метамуҳит, ин дараҷаи шахсиятҳо аст. Барои ташкилотҳои байналхалқӣ мумкин мебошад, ки маданияти типҳои зерини классикии иттиҳодиявӣ қабул намоянд:

  1. Маданияти бозоргонӣ, ки дар асос муносибатҳои арзиши нишонагирӣ дорад. Роҳбарии одамон дар асоси ба даст даровардани фоидаи ҳадди баланд ва
пешина
аз 512
навбатӣ