Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

БОБИ 29
МЕНЕҶМЕНТИ БАЙНАЛХАЛҚӢ

29.1. Мафҳумҳои асосӣ ва шаклҳои фаъолияти бурунмарзии ташкилотҳо
29.2. Идоракунии фаъолиятҳои гумрукӣ
29.3. Идоракунии захираҳои башарӣ ва ахлоқи соҳибкории байналхалқӣ
29.4. Ҷараёни байналхалқии технологӣ, ҳамчун унсури стратегии корпорасияҳо дар шароити глобализатсия
29.5. Ояндабинии инкишофи навоварии технологии ҷаҳонӣ
29.6. Саволҳои санҷишӣ
29.7. Адабиёт

Боби мазкур омӯзиши мафҳумҳои зеринро дар бар мегирад:

❖ Зарурати ташкили менеҷменти байналхалқӣ.
❖ Монеаҳои асосии тиҷорати байналхалқӣ.
❖ Хусусияти миллию мадании мамлакатҳои ҳамкор ва тиҷорати байналхалқӣ.
❖ Фаъолияти содиротӣ ва воридотии корхонаҳо.
❖ Давраҳои ташкили кори менеҷмент ҳангоми ҳамкории бурунмарзӣ.
❖ Ташкили идоракунии ҳуҷҷатгузории гумрукӣ ва тарзу усули қабулу барориши мол аз ҷумҳурӣ.
❖ Вазифаҳои асосии хизматҳои гумрукӣ.
❖ Муҳитҳои маданӣ, бюрократӣ, техникӣ ва таъсири он ба ташкили менеҷменти байналхалқӣ.
❖ Интихоби кормандон дар менеҷменти байналхалқӣ.
❖ Иттиҳодияҳои калони байналхалқӣ ва системаи иқтисодии миллӣ.
❖ Ҳавасмандӣ ва шуғли аҳолӣ дар иттиҳодияҳои байналхалқӣ.
❖ Системаи иқтисодии асри XXI.
❖ Инкишофи илму техники ҷаҳонӣ, ҳамкории иқтисодӣ.
❖ Ташкили балансҳои стратегӣ.
❖ Ояндабинии инкишофи навоварии технологии ҷаҳонӣ. Пешгӯиҳо ва ихтироот.

пешина
аз 512
навбатӣ