Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Дар системаи гурӯҳии истеҳсолию иқтисодӣ ғайр аз системаҳои дар боло гуфташуда, боз стратегияҳои махсус пайдо мешаванд, ки инъикоси иттиҳоди корхонаҳоро доранд.

Дар ин ҷо низ ду гурӯҳи стратегия ҷудо карда мешавад: стратегияи КИТ ва стратегияи амалигардонӣ.

Ҳар як аз ин гурӯҳҳо аз комплекси стратегияи комплекси махсус иборат мебошанд.

Стратегияи муттаҳидшавии пеш аз рақобат. Ин стратегия аз тарафи системаи гурӯҳи истеҳсолию иқтисодӣ дар давраҳои аввали КИТ, вақте ки зарурати иттиҳоди муваққатӣ барои гирифтани натиҷаҳои илмӣ созмон дода шуда, он ҳамчун зерстратегияи имтиёзноки литсензиягӣ ва имконоти яххела мебошад.

Стратегияи марказонидашуда. Мувофиқи ин стратегия натиҷаи КИТ дар гурӯҳҳо ташкилоти илмию техникӣ гузаронида мешавад, ё он муносибати якчанд ташкилотҳоеро, ки фаъолияташон аз тарафи органҳои идоракунии системаи истеҳсолию иқтисодӣ муайян карда мешавад, танзим мекунад.

Стратегияи зерсистемаи марказонидашуда. Дар ин ҳолат КИТ дар гурӯҳҳо ба зерсоҳаҳо ҷудо мешаванд ва стратегияи инкишофи истеҳсолию техникиро ташкил мекунанд.

Стратегияи ғайримарказонидашуда ҳар як гурӯҳ, ё ташкилот мустақилона стратегияи худро ташкил мекунад.

Стратегияи амалигардонӣ ва мутобиқкунӣ аз стратегияҳои зерин иборат аст:

  1. Стратегияи силсилавии пурраи ҳаётӣ.
  2. Стратегияи давраи охирон.
  3. Стратегияи навоварии амудии мутамарказшавӣ.
  4. Стратегияи уфуқии тақсимкунонидашуда.

Ҳамин тариқ, маълум мегардад, ки системаи васеи стратегии навоварӣ вуҷуд доранд. Ин система муодилаҳои гуногуни фаъолияти навоварии корхонаро дар бар мегирад.

Аксар мавридҳо барои ташаккули портфели стратегияи навоварӣ ташкилотҳо механизми ҳаракатдиҳандаро истифода мекунанд.

пешина
аз 512
навбатӣ