Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
паст шудани ҳаҷми истеҳсол ва норасогии буҷаи давлатӣ ба беқурбшавӣ, афзоиши нархи қарзҳо, дар навбати худ ба косташавии лоиҳаи дарозмуддати КИТ оварда мерасонанд.
Чӣ хеле, ки қайд кардем, модели бозори навоварӣ натиҷаи алоқамандии якчанд омилҳо мебошад. Бо назардошти ин омилҳо моделҳои зерини бозорро ҷудо кардан мумкин аст:
- Сектори давлатии бозори навоварӣ - дар ин бозор ду моделро ҷудо мекунанд:
- модели нишонагирии ҳарбӣ;
- модели нишонагирии бартариятҳо.
Модели нишонагирии ҳарбӣ - бозори навоварие мебошад, ки супоришдиҳанда давлат буда, маҳсулоти илмию технологӣ хислати мудофиавию ҳарбӣ дорад.
Модели нишонагирии бартариятҳо - таркиби бозори маҳсулоти илмию техникие мебошад, ки молиягузории КИТ аз тарафи давлат дар доираи барномаҳои васеи бартариятҳо ва барномаҳои навоварӣ гузаронида мешавад.
- Бозори маҳсулоти илмию техникии корхонаҳои саноатӣ. Дар ин бозор ҷудо карда мешаванд:
- модели шартномавӣ;
- модели яккафармоишӣ;
- модели бисёрфармоишӣ;
- модели монополияи ихтироъкор;
- модели рақобат.
- Бозори модели тарҳӣ. Модели тарҳии навоварӣ имкон медиҳад, ки шаклҳои асосии он дар алоқамандии омилҳои таъсиррасонанда ба ҷараёни навоварӣ дида баромада шавад.
Модели давлатии навоварӣ, аз рӯи ду омил муайян карда мешаванд:
- ҳиссаи сектори давлатӣ дар ҳаҷми умумии маҳсулоти КИТ;
- самаранокии сегменти давлатии бозори ҳарбӣ ва нишонагирии бартариятҳо.
Ташаккули стратегияи макронавоварӣ - ин баҳисобгирии равандҳои гуногуни идоракунии давлатии навоварӣ мебошад. Сифати он бо чунин равандҳо ҷудо карда мешаванд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор