Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
-
Инфраструктураи бозор. Ҳолати инфраструктураи институтсионалии бозор (бозори пулию қарзӣ, бозори молиявӣ, суғурта, нафақа ва фондҳои сармоя) метавонанд, ки бозори маҳсулоти илмию техникиро инкишоф диҳад, ё худ садди роҳ шавад. Маълум аст, ки моддикунонии ихтироотҳо воситаҳои зиёдеро талаб мекунанд. Воситаҳои асосии ташаккули он қарзҳои дарозмуддат ва механизми бозори қоғазҳои қимматнок мебошад.
-
Қонунгузорӣ. Инкишофи базаи қонунгузорӣ, албатта ба хислати бозори моҳияти илмию техникӣ вобаста мебошад. Сухан дар бораи меъёрҳои литсензиявӣю патентии қонунгузорӣ меравад. Махсусан вуҷуд доштани бозори литсензия ин шакли вуҷуд доштани маҳсулоти илмию техникӣ мебошад. Агар дар системаи иқтисодӣ патент ва литсензия вуҷуд надошта бошад, он гоҳ бозори молҳои илмию техникӣ низ вуҷуд дошта наметавонад, чунки шаклҳои ҳуқуқии додани маҳсулоти зеҳнӣ вуҷуд надорад. Барои чӣ ин молро аз Шумо бихаранд, вақте ки вай бепул метавонад онро гирад.
Аслан, вуҷуд надоштани системаи литсензиониву патентӣ ба ҷараёни навоварӣ таъсири дутарафа мерасонанд. Аз як тараф имконоти бевоситаи истеҳсолкунанда ба навоварӣ монеаҳоро бартараф мекунад ва навоварӣ гӯё боигарии ҳама дониста мешавад. Чунин як ҳолат ба шароити пурра вуҷуд доштани моликияти давлатӣ амал мекунад. Аз тарафи дигар ихтироъкорон барои сохтани маҳсулоти зеҳнӣ, самараноки нав ҳавасманд нестанд, чунки ҳақмузд нисбат ба фоидае, ки ин маҳсулот ба мамлакат меорад, хеле кам мебошад.
-
Баҳамонии илм ва истеҳсолот. Унсури зарурие, ки ба хислати бозори маҳсулоти илмию техникӣ таъсир мерасонад, ин шакли ташкили КИТ мебошад, ки ба дараҷаи баҳамонии илму истеҳсолот вобаста аст. Дар ин ҷо ду шакли фаъолияти илмӣ:
-
Дар ҳайати воҳидҳои истеҳсолӣ.
-
Берун аз воҳидҳои истеҳсолӣ ҷудо карда мешаванд.
Агар шакли якум бартарӣ дошта бошад, он гоҳ ба бозор моликияти зеҳнӣ
бароварда мешавад, ки шакли технологии ба охиррасида дошта бошад, яъне
аллакай дар истеҳсолот ҷорӣ шуда бошад. Аммо чунин маҳсулот навоварии
паст ва пешрафти кам дошта метавонад. Сухан дар бораи он меравад, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор