Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
стратегияи навоварӣ;
бартарияти рақобат ва давраҳои инкишоф;
танзими давлатии фаъолияти навоварӣ.
Пайдоиши навоварӣ ҳамон вақт ҳисоб карда мешавад, ки донишҳои назариявӣ дар фаъолияти одамон фаъолона истифода бурда шудаанд. Ҳанӯз дар асри XVIII санъатшиноси фаронсавӣ Жан Кондорсэ диққатро ба алоқамандии илм ва саноат дода, қайд мекунад, ки инкишофи илм инкишофи саноатро таъмин месозад. Дар навбати худ инкишофи саноат инкишофи илмро фаъол мегардонад ва чунин алоқамандиро ба ҷумлаи фаъолиятҳои боқуввати инкишофи башарӣ ҳисоб кардан зарур аст. Вай инчунин имкони умумӣ будани илмро барои омма қайд карда мегӯяд, ки “барои ҳар як насли одамон маҷмӯи донишҳо меафзояд, ки мумкин аст дар як муддати вақт аз тарафи як қувваи фикронӣ ба даст биорем”.
Яке аз аввалинҳо шуда тадқиқоти навовариро дар инкишофи иқтисодӣ Н. Кондратев сар кардааст. Ақидаҳои ӯро олими австриягӣ, иқтисодчӣ Йозеф Шумпетер давом дода, асосгузори назарияи ҷараёнҳои навоварӣ дар шароити имрӯза ба ҳисоб меравад.
Дар китоби худ “Силсилаҳои иқтисодӣ” (1939), мафҳуми навовариро ҳамчун тағйирот дар технология ва идоракунӣ, ҳамчун комбинатсияҳои нави истифодаи захираҳо омӯхтааст.
Умуман мазмуни инкишофро И. Шумпетер ҳамчун мафҳуми “амалигардонии комбинатсияҳои нав” номидааст. Комбинатсияҳои нав гуфта истифодаи захираҳои воситаҳои истеҳсолот дар хоҷагии халқро меноманд. Бинобар ин Шумпетер мақоми калони соҳибкориро дар ҷараёни навоварӣ ҷудо мекунад. Мувофиқи ақидаи вай соҳибкор шахси татбиқкунандаи тадқиқотҳо ва ҷорӣ намудани навоварӣ мебошад, инчунин мақоми кредитро дар фаъолияти навобарии соҳибкорӣ қайд карда мегузарад.
Олими дигаре, ки дар масоили навоварӣ тадқиқот бурдааст, иқтисодчии олмонӣ Герҳард Менш мебошад. Ӯ тадқиқоти инкишофи иқтисодӣ ва силсилавиро бо навовариҳои зербиноӣ гузаронида, се гурӯҳи калони навовариро ҷудо мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор