Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
таъмини ҳимояи мукаммали шаҳрвандоне, ки худашон имкони ҳалли
мустақилонаи масоили иҷтимоиро надоранд ва ба дастгирии давлат
зарурат доранд;
таъмини имконот барои ҳама хизматрасонии тандурустӣ ва маълумоти
умумӣ;
ташкили шароити иқтисодие, ки ба шаҳрвандон имкони таъминоти
талаботҳои иҷтимоиашонро аз ҳисоби даромадҳои худ доранд;
ташкили институтҳое, ки истифодаи ҳадди баланди воситаҳои аҳолӣ ва корхонаҳоро бо мақсади барпо намудани шароити хуби зиндагонӣ таъмин карда тавонад.
Барои иҷрои равияҳои дар боло қайдкардашуда зарур аст, ки самаранокии меҳнат баланд бардошта шавад, то ки такрористеҳсол ва афзоиши капитали башарӣ таъмин карда шаванд.
Сатҳи баланд бардоштани самаранокии меҳнат равандҳои зеринро дар бар мегиранд:
ташкили бозори самараноки инкишофёфтаи меҳнат;
ислоҳоти қонуниятҳои меҳнатӣ бо мақсади мувофиқкунонии он ба
инфиродӣ ва дастҷамъӣ;
ташаккули механизми самараноки муноқишаҳои меҳнатӣ ва ҳимояи
иҷтимоии коргарон, баланд бардоштани шартномаи индивидуалӣ ва
коллективӣ;
ба музди меҳнат баргардонидани функцияи такрористеҳсолкунӣ,
ҳавасмандкунӣ ва танзимдарории он дар асоси талаботу таклифоти бозор
ва назардошти музди меҳнати ҳадди ақал ва тақсимбандии музди меҳнат
аз рӯи сифат ва миқдори кор;
баланд бардоштани дараҷаи тайёр кардани коргарон, ташкил ва ба
меъёргирии ҷараёнҳои меҳнатӣ ҳавасмандкунии вуҷудқории меҳнат;
баланд бардоштани самаранокии идоракунии муҳофизати меҳнат дар
асоси корҳои профилактикӣ;
баланд бардоштани хадамоти шуғли аҳолӣ дар асоси коркарди барномаҳои кам кардани бекорӣ ва дарёфти ҷои кори нав.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор