Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Хароҷотҳои корхонаҳо барои қувваи коргарӣ нишондиҳандаҳои дигари онро надоранд, яъне хароҷотҳои иҷтимоӣ, ҳимояи саломатӣ, инкишофи коргарон ва ғайра.

Бо назардошти омилҳои болоӣ дар чунин як шароит, то пайдо шудани бозори солими қувваи корӣ, даҳолати давлатии бозори меҳнат, яъне назорати риояи ҳуқуқҳои конститутсионии қувваи корӣ, таъмини минималии инкишофи башарӣ дар мамлакат ва таъмини бехатарии меҳнат ва саломатии аҳолӣ яке аз вазифаҳои асосии идоракунии давлатӣ мебошад.

26.5. Самаранокии алоқамандии менеджменти иҷтимоӣ ба муҳити иқтисодӣ ва зист

Дар доираи иқтисодию иҷтимоӣ мумкин мебошад, ки соҳаҳои истеҳсолию моддӣ ва меҳнатию иҷтимоиро ба ҳам оварда, якҷоя таъсири комплекси бозори захираҳои меҳнатӣ, моддӣ ва молиявӣ, инчунин хизматҳои иҷтимоӣ омӯхта шаванд.

Ғайр аз ин консепсияи инкишофи босуботи иқтисодӣ талаб мекунад, ки системаи бозори молҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шаванд. Аз ин нуқтаи назар зарур мебошад, ки системаи инкишофи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологӣ дар алоқамандии якдигар ташкил карда шаванд.

Захираҳои иқтисодию экологӣ ба унсурҳои иқтисодию иҷтимоӣ чунин алоқамандӣ доранд:

❖ сармояи башарӣ дар бозори меҳнат фурӯхта шуда, таъмини шуғли аҳолиро дар соҳаи иқтисодию иҷтимоӣ пайдо месозад;

❖ маҳсулот ва хизматҳои соҳаи моддии истеҳсолӣ дар бозори молҳо фурӯхта мешаванд. Монанди такрористеҳсоли воситаҳои истеҳсолоти моддӣ, соҳаи ғайриистеҳсолие, ки таъминоти ҳимояи иҷтимоии аҳолиро ва функсияи бозори хизматҳоро доранд;

❖ бозори молиявӣ маблағгузории иқтисодиро дар соҳаи моддии истеҳсолӣ ва инфраструктураи молии бозор таъмин менамояд. Маблағгузории иҷтимоӣ дар сармояи башарӣ ба воситаи системаҳои ҷамъкунанда ва суғуртавӣ бо роҳи додани суғуртапулӣ инчунин ёрдампулиҳо ба роҳ монда мешавад.

пешина
аз 512
навбатӣ