Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

соҳаи илм ва хизматрасонии илмӣ, муттаносибии тадқиқоти бунёдӣ ва
татбиқӣ;

соҳаи тандурустӣ, варзишу саёҳат, муҳофизати меҳнат, роҳҳои кам
кардани бемории умумӣ ва касбӣ;

самаранокии иқтисодӣ, меҳнат ва инкишофи иҷтимоӣ, муттаносибии байни
натиҷагирӣ ва хароҷотҳои истеҳсолӣ;

Дар асоси масоили дар боло қайдкардашудаи иҷтимоию иқтисодӣ равандҳои асосии фаъолияти менеҷментро дар соҳаи иҷтимоӣ чунин пешниҳод намудан мумкин аст:

  1. Мубориза ба зидди камбизоатӣ, дастгирии иҷтимоӣ ва ҳимояи аҳолӣ:

муҳимгардонии буҷоуман истеъмолӣ;

таъмини кӯмаки иҷтимоии шахсоне, ки дар ҳақиқат зарурият доранд;

дар баробари ҷорӣ кардани механизмҳои ёрдампулиҳо барои оилаҳои
камбизоат, барҳам додани дигар имтиёзҳо;

хизматрасонии иҷтимоии маъруҳон, куҳансолон ва шахсони бепарастор;

васеъшавии бозори иҷтимоӣ ва хизматҳо;

идоракунии инкишофи хоҷагии коммуналию манзилӣ бо назардошти
ҳимояи иҷтимоии мардуми камбизоат;

ҷалб намудани маблағгузорӣ, барои баланд бардоштани сохтмони манзил;

ислоҳоти пайдарпайи системаи нафақа.

  1. Таъмини тарзи зиндагии солим:

таъмини бартарияти таваллуд аз фавти аҳолӣ, афзоиши дарозумрӣ,
дарозшавии синну соли кории аҳолӣ;

таъмини назорати давлатии санитарию эпидемиологии гигиенӣ ва
экспертҳои эпидемологӣ, мониторинг ва ғайра;

инкишофи рақобатнокии соҳаи саноати дорусозӣ;

инкишофи варзиш, саёҳат, рекреатсионӣ ва ғайра.

  1. Инкишофи иқтисодиёти дониш:

маблағгузорӣ барои инкишофи қудрати башарӣ;

ояндабинии самаранокии маблағгузории сармояи дар инкишофи башарӣ.

  1. Таъмини шуғл ва ҳаёти масъулноки одамон аз ҳисоби даромадҳои меҳнатӣ:

сиёсати фаъол дар бозори меҳнат бо роҳи дигар кардани мақоми бекорӣ

пешина
аз 512
навбатӣ