Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Расми 1. Схемаи тадқиқоти менеҷменти бахши иҷтимоӣ.
Мувофиқи мақсад мебуд, ки агар дар алоқамандии системавӣ мақоми мутахассис-менеҷерро дар бахши иҷтимоӣ муайян карда, мазмуни фаъолияти иҷтимоӣ, предмет, технологияи иҷрои функцияҳои иҷтимоӣ, баҳои таъсири муҳитҳои экологӣ ва иқтисодиро барои таъмини талаботи аҳолӣ ба маҳсулотҳо ва хизматҳои иҷтимоӣ аниқ менамудем.
Ҳангоми муайян намудани мақоми мутахассис-менеҷер дар бахши иҷтимоӣ мувофиқи мақсад мебуд, ки агар мо ӯро дар ду равия дида мебаромадем:
-
Фаъолияти навоварӣ дар коркарди лоиҳаҳо ва технологияи бахши иҷтимоӣ.
-
Идоракунии оқилонаи фаъолияти ташкилот ва коргарон. Имконоти тақсимот ва якҷоя кардани ин вазифаҳо вобаста аз талаботи реалияи ташкилот ва захираҳои мутахассисон сурат мегирад.
Раванди воқеии баланд бардоштани омилҳои иҷтимоӣ дар фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ зарурияти ташаккули иқтисоди иҷтимоиро пайдо месозад, ки концепсияи нави иҷтимоии меҳнат ва асосҳои ташкили микроиқтисодӣ меҳнати замонавиро ташкил медиҳад. Мафҳуми анъанавии ташкили меҳнат (аз

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо