Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

Расми 7. Каҷхатаи талаботу таклифот ба гӯшти гов дар моҳи июни соли 2004 ш. Душанбе.

Мувофиқи мақсад мебошад, ки таҳлили нишондиҳандаҳои нозукро бо чунин пайдарпайӣ иҷро намоем:

  1. Маълум намудани он нишондиҳандаҳое, ки мо мехоҳем тағйир диҳем.
  2. Аз ҳисоби кадом омил ин нишондиҳанда тағйир меёбад.
  3. Муодили интихоби омиле бояд пурра таҳлил карда шавад.
  4. Ҳисобӣ кардани самаранокии ҳар як муодили пешниҳодшуда.
  5. Асоснок кардани самаранокии интихоби чунин қарор.
  6. Муқоисаи нишондиҳандаи ҳисобӣ бо нишондиҳандае, ки барои корхона зарур мебошад.
  7. Ҳамон муодилеро интихоб мекунем, ки ба манфиатҳои стратегӣ ва тактикии менеҷменти молиявӣ мувофиқат мекунад.
пешина
аз 512
навбатӣ