Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Объекти асосии идоракунии ҷории менеҷменти молиявӣ ин воситаҳои пулии корхона ва гардиши онҳо мебошанд, яъне ҳаракати пули нақд ва ғайринақдӣ. Идоракунии ин фаъолият бо чунин мақсадҳо гузаронида мешавад:
тезонидани суръати гардиши пул ва кам кардани қарзҳои дебиторӣ;
суст кардан, ё худ кам кардани пардохтҳои худӣ;
кам кардани боқимондаи кассавӣ.
Баъзе аз ин унсурҳоро дида мебароем.

Қарзҳои дебиторӣ - дар натиҷаи алоқамандӣ бо харидорон, фармоишгарон, супоришдиҳандагон, корхонаҳои тобеъ, ё худ корхонаҳои ҳамкор ба миён меоянд. Қарзҳо вақте шубҳанок мешаванд, ки агар мӯҳлати пардохт маълум набошад, кафолати баргардонидан, ё амонати харидор маълум набошад. Бинобар чунин ҳолатҳо, ин гуна қарзҳо бояд доимо дар зери назорати менеҷменти корхона бошанд. Роҳҳо ва усулҳои самараноки саривақт баргардонидани он аниқ карда шаванд. Идоракунии қарзҳои дебиторӣ дар асоси усули мутобиқкунонӣ иҷро карда мешавад.

Мисол, барои яке фоизи қарз кам карда мешавад, мӯҳлати якеро зиёд, ё кам мекунанд ва ҳолати дигаре, ки аз корхонаи дигар пардохти пешакӣ талаб карда мешавад ва ғайра.

Усули паст кардани қарзҳои дебиторӣ ин роҳи таҳлили омилӣ мебошад. Яъне иттиҳодияи махсус, ё бонк баъди тафтиши қобилияти қарзсупорӣ корхонаи харидор ӯҳдадор мешавад, ки маблағи молро ба корхонаи фурӯшанда гузаронад, дар асоси шартнома ва бо ин роҳ ин ташкилот моликиятдори корхонаи фурӯшанда мешавад ва ба таваккали корхона ҳамроҳ мешавад. Фурӯшандагон метавонанд, ки ба корхонаҳои факторингӣ оид ба пардохти пешакӣ то 80%-и арзиши мол шартнома банданд.

Ҳарчанд, ки ин хизмат барои тоҷирон қимматтар аст, онҳо такягоҳи худро ёфта, вақти худро сарфа карда ва ба корхонаи фурӯшанда боварӣ пайдо карда, кор мекунанд.

Идоракунии қарзҳои дебиторӣ ду раванд доранд:

  1. Кофтукови роҳҳои қонунии паст кардани андозҳо.
  2. Ёфтани илова кардани мӯҳлати пардохтҳо.
пешина
аз 512
навбатӣ