Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Мақсади омӯзиши сохтори функционалии ин се мактаб барои мо пеш аз ҳама иборат аз муайян намудани он, ки менеҷер унсури асосиро новобаста аз хусусияти хоси соҳибкориаш дар ҳама тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба чӣ гуна идора мекунад.

Мақсаднокии таркибии функцияи асосии менеҷмент аз он иборат мебошад, ки менеҷерон дар ҳама ҳолат тамоми унсурҳои ёридиҳандаро барои ба мақсадҳои худ расидан ва натиҷаҳои хуб гирифтан истифода баранд.

Ҳамин тариқ, унсури вазъиятии функцияи менеҷмент муайян карда мешавад, ки дар навбати худ омили вақтро муайян месозад. Аз ин нуқтаи назар ҳамаи унсурҳои сохтории функцияи менеҷерон бояд бо назардошти омили беруна ва омилҳои дохилии корхона бо назардошти омили вақт баҳо дода шаванд.

Дар чунин ҳолат талаботи системавии функцияҳои менеҷер, инчунин талаботи вазъиятии он ба миён меояд ва ҳар як омил дорои мақомҳои гуногуни худ мебошанд.

Таҷрибаи менеҷмент аз он шаҳодат медиҳад, ки функцияи «Бонақшагирӣ» ва «Ташкилӣ» барои таъмин намудани сифати баланди фаъолиятҳо дар шароити «мавҷуд будани захираи зарурии вақт» гузаронида шавад.

Функсияи «Роҳбарии самарабахш» ва «Назорат» аз таъсири муҳити беруна вобаста мебошад ва дар ҳолатҳои кам будани вақт гузаронида мешавад.

Инчунин, баъзе омилҳое ҳастанд, ки дар сохтори функцияҳои менеҷер дар ҳолатҳои алоҳида пайдо мешаванд ва мумкин аст, ки ин омилҳо дар фаъолияти менеҷер нақши калон бозанд. Бинобар ин менеҷер омилҳои мазкурро бояд пештар дарк намояд.

Дар ҳама ҳолат менеҷер бояд корро дар асоси низоми давратӣ ташкил намояд, яъне барои самаранокии кор бояд нақшаи аниқи корӣ дошта бошад. Барои амалӣ гардонидани нақшаҳои худ зарурати ба қисмҳои алоҳида ҷудо намудан, пурра ва ҳаматарафа асоснок кардан, ҳамчунин дар асоси роҳбарии самарабахш ташкили пешакии кор ва назорат аз болои он лозим мебошад.

Сохтори мақсадноки функцияи менеҷерон ва унсурҳои он дар расми 7 оварда шудааст:

пешина
аз 512
навбатӣ