Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

натиҷагирии максималӣ ва мустаҳкамгирии максималӣ ва созмон додани устувории молиявӣ равона шудаанд ташкил мекунад.

  1. Равандҳои асосии истифодабарии молиявиро муайян карда, тақсимоти фондҳо ва дивидендро аниқ маълум месозанд.

  2. Банақшагирии молиявии истифодабарии захираҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддати молиявиро муайян месозад.

  3. Идоракунии сармояро ба уҳда дорад, махсусан равияҳои зеринро:
    ҷараёни ташаккули сармоя;
    истифодаи активҳои гардишӣ барои таъмин намудани фаъолияти истеҳсолию хоҷагидорӣ;
    муайян кардани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақсимбандии натиҷаҳои молиявӣ;
    солимгардонии молиявии корхона;
    ташкили захираҳои молиявӣ;
    беҳтаркунонии андозситонӣ.

  4. Гузаронидани таҳлили молиявии фаъолияти корхона, таваккал, ҷустуҷӯи захираҳои молиявии истифодабарии фондҳои асосӣ ва гардон.

  5. Назорати интизоми молиявӣ, риояи меъёрҳо, қоидаҳо ва иҷрои уҳдадориҳои молиявӣ.

  6. Муайян кардани сиёсати қарзии корхона.

Ҳамин тариқ, менеҷменти молиявӣ гуфта, системаи идоракунии ҷараёни молиявии фаъолияти хоҷагидории ташкилотро меноманд. Менеҷменти молиявӣ қисми таркибии системаи идоракунии корхона буда, аз ду зерсистема иборат мебошад:

  1. Объектҳои идоракунӣ.

  2. Субъекти идоракунӣ.

Объекти асосии идоракунии молиявӣ, ин гардиши пулии корхона мебошад. Ҷараёни бетанаффуси пардохтҳои пулӣ ва дохилшавиҳо, ба воситаи сабти суратҳисоб ва дигар ҳисобҳои бонкии корхона гузаронида мешаванд.

Идоракунии гардиши пул - ин пешбинии ҳолати имконотии он дар ояндаи наздик ва дур, муайянкунии ҳаҷми пул ва самаранокии даромад ва хароҷоти воситаҳои пулӣ дар рӯзҳои наздик ва ояндаи дур мебошад. Барои он ки ҳаҷми

пешина
аз 512
навбатӣ