Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Баҳисобгирии музди меҳнат - ташкили бамеъёргирӣ, андозагирии музди меҳнат, шаклҳои музди меҳнат, фонди музди меҳнат, ҳуҷҷатҳо ва ғайра.

  2. Истеҳсолию ҷамъбастӣ - номгӯи хароҷотҳо ва шахсони масъул, номгӯи хароҷотҳо доир ба ҳар намуди маҳсулот, ҷамъбасти арзиши аслии маҳсулот, назорат доир ба истифодабарии самараноки захираҳои истеҳсолии корхона.

  3. Гурӯҳҳои баҳисобгирии фурӯши маҳсулот - тартиботи баҳисобгирии истеҳсол ва фурӯши маҳсулот, таркиби харидорон, хароҷотҳои воқеӣ барои фурӯши маҳсулот, арзиши маҳсулоти фурӯхташуда бо намудҳои он, минтақаи фурӯш, муайян кардани фоида доир ба ҳар як намуди мол, даромаднокӣ аз фурӯши моли алоҳида дар корхона, шӯъбаҳо ва дигар сохторҳо.

  4. Гурӯҳҳои таҳлилгар таҳлили самаранокии фаъолият доир ба ҳар хароҷот, сохторҳои истеҳсолӣ ва умуман ташкилот муайян кардани имкониятҳои баланд бардоштани самаранокии истифодабарии тамоми намуди захираҳо, иштирок дар коркарди буҷаи ташкилот.

24.4. Баҳисобгирии хароҷотҳои истеҳсоли маҳсулот

Хароҷотҳо гуфта, арзиши захираҳоеро меноманд, ки бо мақсадҳои муайян дар корхона истифода карда шудаанд.

Дар ин мафҳум се хусусиятро бояд фарқ кард:

  1. Хароҷотҳо миқдори истифодабарии захираҳои моддӣ, меҳнатӣ ва молиявиро нишон медиҳанд.

  2. Миқдори истифодабарии захираҳо бояд, ки дар шакли пулӣ бо мақсади ҷамъи захираҳои гуногун муайян карда шаванд.

  3. Мафҳуми хароҷот бояд албатта ба мақсадҳо ва вазифаҳо тааллуқ дошта бошанд. Чунин вазифаҳо, чун истеҳсоли маҳсулот, иҷроиши кор, хизматрасонӣ, сармоягузорӣ, идоракунӣ мебошанд.

Гурӯҳбандии хароҷотҳо бо мақсади баҳисобгирии бухгалтерӣ ва андозситонӣ фарқ мекунад (Нигаред ба расми 2). Дар ҳисоби андозситонӣ хароҷотҳо ба хароҷотҳои истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот, инчунин хароҷотҳои ғайрифурӯш ва дигар хароҷотҳо ҷудо мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ