Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

омӯзиши тамоми система оид ба сифат ва вобаста аз ин ҳуҷҷатгузорӣ;
назорати иҷрои функцияҳои сохторҳои таркибии поёнӣ, риояи низоми технологӣ;
тафтиши интихобӣ дар асоси меъёрҳои махсус;
таҳлили сабабҳои нуқсонҳо;
бартараф кардани нуқсон дар давраи тоистеҳсолӣ 10-маротиба камхарҷ мебошад, нисбати давраи истеҳсолӣ он.

Дар миёнаи солҳои 60-уми асри XX давраи панҷуми инкишофи идоракунии сифати банақшагирӣ бо мақсади пурра таъмин намудани талабот пайдо мешавад, ки дар ин шароит тамоми ҳайати коргарон иштирок мекунанд.

Давраи шашум солҳои 70-80-уми асри XX, давраи гузариш ба идоракунии комплексии сифат буд, ки вазифаашон кам кардани хароҷот ва таъмини талаботи истеъмолкунандагон ба миён омад. Масъала бояд дар ҳар як давраи ҳаётии маҳсулот аз лоиҳагирӣ то бадалфурӯшӣ иҷро шавад.

Мотивҳои асосии сифати кор, чун имконоти эҷодкорӣ, гирифтани натиҷаҳои баланд, кафолати иҷтимоӣ, истифодаи васеи усули идоракунии системавии сифат дарёфт шуда, дар асоси он сурати ягонаи коркард ва амалигардонии он таҳия мегардад.

Ин схема қадамҳои зеринро фаро мегирад:

  1. Тадқиқоти истеҳсолот ва тайёр кардани баромади умумӣ.
  2. Интихоби модели аниқи идоракунии сифат.
  3. Коркарди барномаи махсуси сифат ва дастурамал барои амалигардонии он.
  4. Муайян кардани муҳлат ва тартиботи иҷрои барнома, дохил кардани тағйиротҳо.
  5. Дохил кардани ин барнома ба барномаи умумӣ.
  6. Дохил кардани барнома дар истеҳсолот.
  7. Дастгирӣ ва назорат аз тарафи роҳбарият ва маслиҳатҳои махсус.

Системаи самараноки сифат бояд тарзе ба лоиҳа гирифта, амалӣ гардонида шавад, ки талаботи истеъмолкунандаро таъмин карда тавонад.

Унсурҳои системаи сифат сохтори ташкилие мебошад, ки ҳуқуқи махсуси меъёр, усул, тартибот, захираҳоро дорад.

пешина
аз 512
навбатӣ