Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

24.1. Менеҷменти сифат ва унсурҳои асосии он

Сифат гуфта, хусусиятҳои хоси маҳсулотро (конструктивӣ, эстетикӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва рӯҳӣ) меноманд, ки дорои имконияти қонеъ кардани талаботҳо вобаста аз моҳияти функционалиашонро мебошад.

Сифати маҳсулот доимо ба интизорӣ ва зарурияти истеъмолкунанда, инчунин хароҷотҳои истеҳсолии он нигаронида шудааст. Сифати маҳсулот дар ҳама давраҳои ҳаётии мол, яъне дар давраи тадқиқот, коркард, балонҳагирӣ ва истеҳсолот ташаккул меёбад. Аммо баҳои он бошад, аз тарафи истеъмолкунанда дода мешавад. Беҳтар кардани сифати маҳсулот дар навбати худ аз тарафҳои гуногуни фаъолияти корхонаҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Масъулиятро барои сифати мол истеҳсолкунандаи маҳсулот, ё худ намояндаи он ба ӯҳда гирифта, назорат ва тафтишро ба шахсони бетараф мегузоранд. Асосан тафтиши самараноқ аз тарафи институти намояндагони фармоишдиҳандагон хуб иҷро карда мешавад, чунки онҳо барои сифати баланди мол манфиатдор мебошанд.

Сифати маҳсулот аз рӯи якчанд нишондиҳандаҳои зерин баҳо дода мешаванд:

  1. Функсионалӣ - қобилияти иҷрои функцияҳои базавӣ ва иловагиро доштан, яъне зарурияти маҳсулот дар соҳаи истифодаи он.

  2. Пурқувватӣ - боқувват, надоштани нуқсон дар ҳимояи таваккали маънавӣ.

  3. Ҳаракаткунанда - қобилияти амал кардан дар давоми вақти муайяншуда, бе нуқсон, яъне ҳисоби миёнаи вақти хизмате, ки дар ҳуҷҷати техникӣ бенст кор кардани мол сабт шудааст, агар нуқсон пайдо шавад, имкони ислоҳ кардан бошад.

  4. Дарозмуддатӣ - мӯҳлати хизмати зарурӣ, яъне хусусияте, ки то давраи хизмати коршоям будан, ё худ то мӯҳлати хизматҳои техникӣ корӣ буданро нишон медиҳад.

  5. Технологӣ - нишондиҳандаи он, ки то чӣ андоза маҳсулот ба технологияи замонавӣ мувофиқат мекунад. Ин нишондиҳанда аслан аз рӯи

пешина
аз 512
навбатӣ