Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

имкон медиҳад, ки таркиби унсурҳои функцияи менеҷерони «роҳбарии оқилона» мақсаднок мебуд, агар дар қабули қарор ва коммуникатсия дар шароити норасогии вақт қабул шуда, дигар унсурҳо дар ҳайати «назарияи қабули қарори идоракунӣ» қабул гардад.

Расми 7.
Хусусияти хоси мактаби америкоии менеҷмент оид ба унсурҳои ташаккули функцияи «роҳбарии оқилона»

Ҷараёнҳои пайвасткунандаТаъмини самаранокии фаъолияти ташкилот аз ҳисоби идоракунӣ
Қабули қарор❖ ҷараёнҳои меҳнатӣ.
Коммуникатсия❖ истеҳсолот (ҷараёнҳои технологӣ).
Моделҳо❖ амал кардани системаи фаъолияти ташкилот.
ва методи қабули қарор❖ ҳосилнокӣ ва сифати мол.

Маълум аст, ки дигар мактабҳои менеҷмент чунин фикрро тарафдорӣ менамоянд, аммо онҳо боз нуқтаи назари худро доранд.

Мувофиқи мақсад мебуд, ки агар мо хусусияти мактаби ҷопонии менеҷментро дида мебаромадем. Мувофиқи назарияи ин мактаб дар маркази чарҳаки функцияи асосии менеҷер «одам» — коргарони ташкилот буда, дигар унсурҳо дар гирди он давр мезананд.

Аз расм маълум аст, ки тамоми диққати функцияи менеҷер дар корхонаҳои ҷопонӣ ба одамон нигаронида шудааст (Нигаред ба расми 8).

Модели мактаби менеҷерии олмонӣ пешниҳод менамояд, ки диққати асосӣ ба ҷараёни ахбор, яъне ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи саривақтии ахбор дода шавад.

Маълум мегардад, ки роҳбарии оқилона фикру ақидаи се мактабе, ки дар боло номбар карда шудааст, ба ҳам зид нест, бинобар ин мувофиқи мақсад мебуд, ки дар вақти омӯзиш ин масоил аз дастовардҳои ҳар се мактаб истифода карда шаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ