Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Фарқияти ин фаъолияти менеҷмент аз он иборат мебошад, ки дар ҷараёни иҷроиши нақшаҳо тамоми системаи функционалии корхона дохил шуда, фаъолияти воқеӣ сар мешавад, тамоми намуди захираҳо истифода бурда мешавад, маҳсулоти изофа пайдо шуда, фоида ба даст дароварда мешавад.
Дар ин давра тамоми системаи менеҷерон бояд дар ҷараёни роҳбарии оқилонаи истеҳсолии корхона иштирок намоянд. Барои иҷрои ин мақсад системаи муайяни ҷамъоварӣ ва таҳлили ахбор, ки дар асоси он дар сари вақт фаъолияти функционалии коргарон ба танзим дароварда мешавад.
Роҳбарии оқилона ҳамчун функцияи менеҷер, мақсади дастгирии низоми муайяни самаранокии иқтисодии фаъолияти функционалии ташкилотро дар бар мегирад.
Нақшаи ташкилотҳо дар шароити самараноки алоқамандии ду гурӯҳи омилҳои бо ҳам вобастаи муҳити беруна ва дохила амалӣ гарданд.
Менеҷер бояд, ки саривақт таъсири омили берунаро ҳис кунад, функцияҳо ва омилҳои дохилиро ҳамоҳанг сохта, хатари таъсири номатлубро барҳам дода, самаранокии кори ташкилотро таъмин созанд. Дар чунин як шароит омили муайянкунанда вақт мебошад, ки доимо намерасад. Вобаста аз он, ки омилҳои муҳити беруна доимо аз омилҳои дохила дида боқувваттар мебошанд, роҳбарии оқилона нафақат саривақтӣ, балки боз дар ҳолати ҷавобӣ низ бошад.
Ҳанӯз дар солҳои 1916-1918 А. Файол функцияи маъмурии роҳбар (менеҷер)-ро оид ба фаҳмиши «роҳбарии оқилона» дида баромада, онро ба ду фаъолият ҷудо намуд:
- Ҳукмдиҳӣ ҳамчун кор дар шакли таъсиррасонӣ ба коргарон, (қобилияти маҷбурсозӣ) барои иҷрои фаъолиятҳои зарурӣ.
- Ҳамоҳангсозии тамоми қувваҳо ва ҳаракатҳо.
Мактаби амрикоии менеҷмент ҳамоҳангсозии кори коргаронро ҳамчун асоси ҷараёнҳои идоракунӣ меноманд. Дар навбати худ идоракунӣ, ҳамчун ҷараёни банақшагирӣ, ташкилӣ ва мотиватсионии фаъолияти ташкилот мебошад.
Мақсади идоракунӣ «иҷрои кори воқеӣ бо одамони воқеӣ» мебошад. Фаъолияти самараноки ташкилот дар он таъмин мегардад, агар вай «қарори

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо