Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Дар ин система ҳар як истеҳсолкунанда новобаста аз якдигар амал мекунанд. Системаи «аниқу саривақт» талаботи баландро дар ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо талаб менамояд. Коргарон низ дар худ масъулияти калонро ҳис мекунанд, чунки ба онҳо ҷавобгарии калон гузошта шудааст. Ҳангоми зарурӣ бояд онҳо тез ба ҳамкори худ кӯмак расонанд, то ки аз ӯҳдаи вазифаи гузошташуда бароянд. Системаи «аниқу саривақт» бартарияти хеле калон дорад.

Дараҷаи пасти захираҳо имкон медиҳад, ки сармояи истеҳсолиро ба дигар тарафҳо харҷ намоем, маблағҳои зиёде фоида гирем. Талаботҳое, ки дар боло навиштаем аслан системаи замонавӣ, дараҷаи олии фаъолияти фирмаҳои ҷопонӣ ва америкой мебошанд.

Таҷрибаи ҷаҳониён нишон медиҳад, ки на ҳама вақт менеҷменти ташкилотҳо ба мақсадашон мерасанд. Яъне сохтори ташкилии корхона, кадрӣ, молиявӣ ва технологӣ ба он мувофиқат намекунанд. Бинобар ин охири солҳои 70-ум ва аввали солҳои 80-уми асри ХХ аксари ширкатҳои пешқадами ҷаҳонӣ сохтори худро дигаргун карда, кам кардани звенҳои зиёдатӣ, кормандони штабӣ ва як қатор системаҳои регламентиро аз байн бардоштаанд. Чунин як дигаргунсозиҳо имконоти ташкилотҳоро ба талаботи ҳаётӣ ва таъмини самаранокии корхонаҳо зиёд намуд.

Аслан чор равияи стратегияи дигаргунсозиҳоро ҷудо мекунанд:

  1. Ташкилӣ. Талабот ба ин гуна дигаргунсозӣ вақте пайдо мегардад, ки агар масъалаҳо доир ба кӯҳнашавии сохторҳои асосии ташкилот пайдо шавад (умумӣ, идоравӣ ва коммуникатсионӣ ва ғайра).
  2. Кормандӣ. Дар шароити мувофиқ набудани дараҷаи маълумотӣ ва малакаи касбии кормандон ба талаботи корхона.
  3. Дигаргунсозии даврини молиявӣ. Қисми зиёди ин дигаргунсозиҳо бо мақсади ҷорӣ намудани тартиботи молиявӣ дар корхона, ҷорӣ намудани тартибот дар сиёсати молиявию қарзии корхона зоҳир мегардад.
  4. Технологӣ. Чун аллакай пурра маълум аст, ки ҷараёни технологии корхона дигар ба талаботи истеъмолкунанда ва рақобати бозор мувофиқат намекунад. Бинобар ин ташкилотҳое, ки имкон надоранд, ё хоҳиши дигаргунсозиро надоранд, бозорро аз даст медиҳанд.
пешина
аз 512
навбатӣ