Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

мақоми ав ҳама зиёдро ишғол мекунад, аксар вақт чунин менамояд, ки фаъолияти роҳбар пурра функцияи ӯҳдадории маъмурӣ мебошад.

Доир ба хислати тайёр кардани роҳбарон А. Файол қайд карда менависад, ки тайёрии техникии (маъмурии техники) роҳбари ташкилот ба талаботи фаъолияти вай ҷавобгӯй намебошад. Бинобар ин вай исбот мекунад, ки роҳбар бояд маълумоти маъмурӣ низ дошта бошад.

Дар ҷараёни тайёр кардани чунин ихтисосмандон ба қоидаҳои зерин диққати махсус додан зарур мебошад:

самаранокии идоракунӣ;

тақсимоти оқилонаи меҳнат;

ҳукмронии одилона;

тартибот, ягонагии ҳукмронӣ ва роҳбарӣ;

мувофиқати манфиати шахсӣ ба ҷамъиятӣ;

ҳавасмандкунии коргарони пешқадам;

марказонидани қувваҳои пешбарандаи истеҳсолот;

пайдарпаии тартиботи дараҷаҳои мансабу мартаба;

низоми ҳаррӯзаи корӣ;

адолатпарастӣ;

доимияти ҳаёт;

эҷодкорӣ ва якдилии ҳайати коргарон ва хусусиятҳои дигари ба роҳбари кордону пуртаҷриба хосро таъмин карда тавонанд.

Қоидаҳои дар боло номбаршударо роҳбарон новобаста ба ҳолатҳои мавҷуда бояд иҷро намоянд.

Таҳлили ҳолати имрӯзаи менеҷмент ва мақоми менеҷерон дар муҳити бизнес нишон медиҳад, ки пешниҳодҳо ва асосҳои пешниҳоднамудаи А. Файол муҳим ва рӯзмарра буда, барои менеҷменти имрӯза хеле зарур мебошанд, чунки А. Файол 14 қоидаеро, ки дар боло номбар намудем, хеле хуб асоснок намудааст.

Яке аз қисмҳои асосии фаъолияти менеҷмент ин барномаи ҳаракат (нақша) мебошад, ки дар навбати худ аз 3 қисм иборат аст:

захираҳои ташкилотҳо дар шакли биноҳо ва иншоотҳо, таҷҳизотҳо, ашё, сармоя, ҳайати коргарон, сохторҳои иҷтимоӣ ва ғайра;

пешина
аз 512
навбатӣ