Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

23.2. Ташкилот ҳамчун системаи истеҳсолӣ. Стратегияи фаъолияти менеджмент

Фаъолияти истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ - асоси вуҷуд доштани ташкилот мебошанд. Объекти менеджменти истеҳсолӣ фаъолиятҳое мебошанд, ки барои истеҳсоли маҳсулот ва хизматҳои истеъмолкунандаи дохила ва беруна равона шудаанд. Ин фаъолиятҳо аз тарафи корхонаҳо ва сохторҳои таркибии он иҷро мегарданд.

Корхона, ё худ системаи истеҳсолӣ (СИ), қисми таркибии ҷараёни истеҳсолӣ буда, дар асоси тақсимоти меҳнат ва шаклгирии махсуси воҳиди қозагӣ пайдо гаштааст.

Менеҷменти фаъолияти истеҳсолӣ ба кори ҳаррӯзаи идоракунӣ тааллуқ дошта, ядрои асосии менеджменти корхона мебошад. Инчунин майдони фаъолияти менеҷероне, ки барои истеҳсолот, хизматҳо махсус гардонида шудаанд, муайян месозад. Аслан тамоми ҷараёни истеҳсолии корхонаро менеджменти фаъолиятӣ дар зери назорати худ дошта, идора мекунад.

Дар навбати аввал чунин менамояд, ки гӯё менеджменти истеҳсолӣ ва фаъолиятӣ фақат ба ташкилотҳое тааллуқ доранд, ки онҳо маҳсулот истеҳсол мекарда бошанд, дар ин маврид ғалат мебошад, чунки ин ба ҳама намуди ташкилотҳо тааллуқ дорад.

Нишонаҳои корхона аз нигоҳи менеджменти истеҳсолӣ чунин мебошанд:

  1. Ягонагии истеҳсолию техникӣ. Асоси ин нишонаро комплекси фаъолиятҳои алоқаманд ва пайвасткунандае, ки дар якҷоягӣ фаъолияти истеҳсолӣ номида мешаванд.

Ин алоқамандии комплексии истифодаи ашё, мавод ва ҷараёни ягонаи технологӣ мебошад.

  1. Мустақилияти ташкилии маъмурӣ - корхона дар шахсияти роҳбарияти худ дар доираи ҳуқуқу ӯҳдадориҳое, ки ба ӯ дода шудааст, оид ба тарзу усули хоҷагидорӣ, натиҷаи функционалӣ, сиёсати иҷтимоӣ ва корманди мустақилона қарор қабул мекунад. Аксари мавридҳо чунин мустақилият ба шахсони ҳуқуқӣ дода мешаванд.
пешина
аз 512
навбатӣ