Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
байни одамонро хуб нигоҳ дошта, одоби сухангуфтан ва ҳикматдӯстиро мепарварад.
Соҳибкорон - одамони қобилияту қудрати баланддошта, доимо, барои ба муваффақият соҳиб шудан ҳаракат мекунанд, барои ба мақсадҳои худ расидан қобилияти ба дигарон таъсир расониданро доранд.
Шахшудагон - ин муҳосибон ва дигар мутахассисоне, ки аз рӯи қоидаи муайян амал мекунанд ва бисёр эҳтиёткор ӯ масъулиятнок буда, пулу молро дӯст медоранд.
Қобилияти бо шакли автоматӣ иҷро намудани унсури алоҳидаи ҷараёни кориро маҳорат мегӯянд. Чӣ қадаре ки одамон кордон бошанд, ҳамон қадар қувваи кам сарф карда мешавад. Ғайр аз кордонӣ, одамон боз қобилияти одатро низ доранд, ки ду хел мешаванд: беихтиёр ва муқаррарӣ.
Шахсияти одамон дар намуди зоҳирӣ, дар асоси рафтори онҳо муайян мегарданд, ки доимӣ ва ғайридоимӣ мешаванд. Табибон хислати рафтори одамонро бо ягонагии раванди шахсӣ, олами дохилӣ ва берунии онҳо бо чор шакли мизоҷ ки динамикаи шахсият мебошад, муайян месозанд:
-
Холерик - ноустувор, тағйирёбанда.
-
Сангвиник - доимӣ, экстраверт.
-
Флегматик - доимӣ, интроверт.
-
Меланхоликҳо - ноустувор.
Хусусияти хоси шахсиятҳо аз рӯи мизоҷ дар расми 16 оварда шудааст.
Дар ташкилотҳо шахсиятҳо мақоми махсуси худро доранд. Мақом гуфта, хислатномаи муҳитро оид ба мавқеи расмӣ ва ғайрирасмӣ нисбат ба шахсиятҳои алоҳида мемонанд.
Дигаргуншавии шахсҳо дар сохтори муносибатҳо ва сохтори иҷтимоӣ номи хатнокии иҷтимоиро гирифтааст.
Мавқеъ гуфта, эътибор дошта ва бадастовардашударо мемонанд, ки шахсҳо бо қувваю қобилияти худ соҳиб мегарданд.
Мавқеи расмӣ ин вобаста аз вазифадорӣ дар ташкилот мебошад. Мавқеи хизматии шахс на ин, ки фақат аз вазифа, балки аз мавқеи корхона низ вобастагӣ доранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё