Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратИдоракунӣ
Аз аввал хондан

балки воситаи мустаҳкам намудани ҳамкории байни менеҷерон, коргарон ва мизоҷони корхона мебошад. Тамоми раванди омӯзиш бояд дар асоси ҳамкории дутарафа ташкил карда шаванд, ки дар системаи силсила оварда шудааст (Нигаред ба расми 13).

Тағйирот
Агар одамон ба тарафи хуб
тағйир ёбанд, тиҷорат низ ба
беҳшавӣ ноил мешавад.

Инкишоф
гузашта
Ба талабот
диққат додан
Баҳисобгирии
ҳолатҳо
оянда
Бетанаффус
Банақшагирӣ

Расми 13. Силсилаи тағйирёбӣ ва инкишофи корхона.

Зарурият ва самаранокии омӯзиши доимии коргаронро, ширкатҳои калони ҷаҳонӣ дарк намуда, доимо раванди тайёрии касбиро аз рӯи системаи тайёр кардани менеҷерон ва мутахассисон дар корхона дар ихтисосҳои зарурии корхона давом медиҳанд.

Тамоми шаклҳои таълим усулҳои зерини васеъро истифода мекунанд:

  • ҳалли масъалаҳои ҳаррӯза;
  • таълим ва таҷриба дар ҷои кор;
  • таҳлили муваффақият ва нокомиҳо дар кор;
  • мушоҳида барои монанд ва такроран иҷро кардан;
  • тақризи дигарон;
  • рафтори ҳамкорон;
  • таҳлил;
  • озмоишӣ;
  • сӯҳбат ва баҳсҳо;
  • хондан ва дарс.
пешина
аз 512
навбатӣ