Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар ҷаҳон миқдори одамоне, ки дар шаҳрҳо зиндагӣ мекунанд қариб 50%-ро ташкил мекунанд. Зиёда аз 90% аҳолӣ қобилияти меҳнатӣ дошта, шаҳр бо меҳнати кироя кор мекунанд, миқдори шаҳрҳое, ки зиёда аз 1 млн. аҳолӣ доранд, зиёда аз 30% мебошанд. Инчунин талабот ба мутахассисон ва маълумот меафзояд, ки барои бозори мутахассисон хеле мувофиқ мебошад.
Солҳо
Талабот ба мутахассисон, %
Ба маълумоти миёна
Ба маълумоти олӣ
Иловапулӣ ба маълумоти олӣ, %
1969
71,4
аз 12,8
аз 34
1979
59,0
то
то
1993
45,7
25,7
57
Расми 4. Раванди тағйирёбии талабот ба мутахассисони маълумоти олӣ ва афзоиши музди меҳнат (ба ҳисоби миёна дар ҷаҳон)
Ба сифати равияи муҳими нишондиҳандаи «сифатӣ» талаботи воқеии «Одамон» ва «Ташкилот» ва омодагии онҳо барои кор шомил мебошад.
мутахассис «Одамон» хоҳиши фақат кор кардан, ё худ мақсади пулро барои зиндагӣ надошта, балки мехоҳад, ки боз вазифаи баланд ҳам дошта бошад;
мехоҳад, ки на фақат кори доимӣ, балки ҳимояи иҷтимоӣ низ дошта бошад;
мутахассис бояд доимо имкони худинкишофро дошта бошад.
Хислати воқеии ин нишондиҳандаҳо доимиятро талаб мекунанд. Дар солҳои охир давлатҳои инкишофёфта ба як қатор масоилҳо гирифтор шуданд:
норасогии калони мутахассисон, махсусан, мутахассисони касбӣ (менеҷерон, олимон, мутахассисон);
алоқаҳои амиқ ба ҷамъият, бахусус дар арсаи байналхалқӣ;
васеъшавии гуногуншаклии муносибатҳо дар ҷамъият (ба сиёсат, иқтисод ва маданият);
зиёд шудани ҳиссаи одамоне, ки синну соли баланд доранд;

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё