Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

инкишофи захираҳои башарӣ;
сиёсати иҷтимоӣ ва кафолат.

Ин нишондиҳандаҳо қисматҳои асосии дараҷаи ҳаёти меҳнатӣ мебошанд, ки дар асоси таҳлили фикри коргарон барои коркарди чорабиниҳо бо мақсади баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилот ва қонеъгардонии талаботи шахсӣ ба даст оварда мешаванд.

Барои баҳо додани самаранокии идоракунии захираҳои башарӣ усулҳои гуногун истифода карда мешавад, лекин муваффақияти он аз мавҷуд будани ахбор, тайёрии касбии мутахассисони идоравӣ ва қабл аз ҳама аз тарафи роҳбарони ташкилотҳо муҳити дарки зарурати ин масъала мебошад.

Менеҷменти замонавӣ ба як қатор равияҳои мустақили умумӣ, стратегӣ ва навоварӣ ҷудо карда мешавад. Дар солҳои охир моҳияти калонро он равияи менеҷмент ташкил мекунад, ки ба омӯзиши масъалаҳои алоқамандии одамон дар раванди идоракунии ҳаётии фаъолияти корхона — идоракунии захираҳои башарӣ равона шудааст.

Аз ин нуқтаи назар идоракунии ҳайат ба зиммаи роҳбарони олидараҷа (ТОП) вогузошта шудааст. Дар шахси витсе-президент ва дар ҳайати ин шӯъба албатта, сотсиолог ва психологҳои боқувват дохил мешаванд. Ин бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори ташкилот ба миён гузошта мешавад.

Омӯзиши функцияи идоракунӣ дар системаи тайёр кардани менеҷерон-соҳибкасбон шарти зарурӣ буда, дар соҳаи кор бо ҳайат дар Ҷопон, Олмон ва Фаронса, барои баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат (3,5%, 3% ва қариб 3% дар як сол мувофиқи рӯйхат) омили муҳим гардидааст. Моҳияти иқтисодии ҳайатро барои ташкилот мутахассисони бахши менеҷмент меомӯзанд. Махсусан, ин омил солҳои охир бисёртар дида мешавад.

Агар то солҳои охир тақдири ҳар як коргар пурра аз ташкилот вобаста бошад, ҳоло дар баробари баланд шудани дараҷаи демократикунонии идоракунии одамон бисёртар аз «Ҷамъият» вобаста мебошанд.

пешина
аз 512
навбатӣ