Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

идоракунии захираҳои башарӣ, баланд шудани мақоми ташкилӣ, мустаҳкам намудани мавқеи стратегӣ ва дохилишркатӣ ворид сохтааст.

Натиҷаи тадқиқоти корхонаҳои Тоҷикистон нишон медиҳад, ки иқтидори мутахассисон ҳамагӣ 15-20% истифода бурда мешаваду халос. Дар байни омилҳои фаъолияти меҳнатӣ мақоми асосиро мақсадҳои кӯтоҳмуддат мебосад ва нишонагирии арзишҳо боиси ивази талаботҳо аз рӯи аҳроми Маслоу мегардад. Мақоми меҳнат дар баланд бардоштани дараҷаи зиндагии одамон ва коллектив аз байн рафтааст, ё худ хеле кам шудааст. Дар байни пурсидагон 65% хатарро ҳис намуда, 25% боварӣ ба худ надоранд ва 10% аз кор дилмонда шудаанд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи он мебошад, ки дар механизми дохили ташкилотии идоракунии захираҳои башарӣ ислоҳот гузаронем.

Беҳтар намудани механизми идоракунии захираҳои башарӣ дар замони ҳозира ин истифодаи усули стратегии коркард ва амалигардонии барномаи дарозмуддати инкишоф ва ташаккули қобилият, инчунин талабот ва арзишҳои коргарон, барои таъмин намудани рақобати ташкилӣ ва бартарии шахсӣ, дар муҳити бозор мебошад.

Стратегияи идоракунии захираҳои башарӣ, ин нақшаи генералии корӣ ва қарори идоракунӣ доир ба инкишофи масъулият ва мотивасияи коргарон, барои ба даст овардани мақсадҳои дарозмуддат ва таъминоти талаботҳои инфиродӣ мебошад. Стратегияи идоракунии захираҳои башарӣ ҳамчун қисми таркибии стратегияи иттиҳодиявӣ, алоқаманди силсилаи ҳаётии ташкилот ва маданияти он мебошад.

Самаранокии амалӣ гардонидани идоракунии захираҳои башарӣ дар ташкилотҳо аз шароитҳои зерин вобаста мебошад:

воқеӣ ва аниқ будани масъалаҳо, асосноккунӣ ба миссия ва вазифаҳои иттиҳодиявӣ;

ташхиси омилҳои дохила ва берунаи ташкили системаи идоракунии захираҳои башарӣ дар ташкилот;

мушаххасӣ ва пайдарпаии нақшаҳои ташкилӣ, таъмини онҳо ба захираҳои зарурӣ;

соҳибкасбии мутахассисони идоракунандаи тартибдиҳандагони барномаи татбиқӣ;

пешина
аз 512
навбатӣ