Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиётТиҷорат
Аз аввал хондан

Мақсади зерсистемаи идоракунии ташаккулёбии захираҳои башарӣ таъминоти саривақтии таъмини нақшаҳои стратегии ташкили сифатии захираҳои башарӣ мебошад. Зерсистема вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:

банақшагирӣ ва ояндабинии талабот ба захираҳои башарӣ;

ташкили маркетинги захираҳои башарӣ;

гузаронидани мониторинги кормандӣ ва аудит;

таъмини талабот бо роҳи ҷалб намудан ва интихоби коргарон бо сифатҳои махсус;

мувофиқати касбӣ ва иҷтимоии коргарони нав.

Зерсистемаи истифодаи захираҳои башарӣ маҷмуи чорабиниҳоеро дар бар мегирад, ки барои таъмини шароити самараноки амалигардонии қобилияти зеҳнӣ, касбӣ, эҷодӣ ва соҳибкорӣ, барои ба мақсадҳои корхона расидан равона шудаанд. Вазифаҳои асосии зерсистема аз инҳо иборат аст:

беҳтар кардани ташкили меҳнат ва мазмуни он;

баланд бардоштани сифати хатти кории коргарон;

ҷорӣ намудани системаи музди меҳнате, ки фаъолияти меҳнатиро ҳавасманд менамояд;

ҷорӣ намудани барномаҳои иҷтимоӣ;

танзими муносибатҳои меҳнатӣ дар асоси ҳамкорӣ ва ҷалб кардани коргарон;

инкишофи навоварӣ, эҷодкорӣ;

ташкили соҳибкории дохилишркатӣ.

Дар ташкилотҳои замонавӣ мавқеи асосиро зерсистемаи инкишофи захираҳои башарӣ ташкил медиҳанд, ки барои баланд бардоштани дониш, қобилият, арзишҳо ва мотивҳои коргарон ба стратегияи нави ташкилот ва маданияти корпоративӣ вобаста мебошад. Ба вазифаҳои асосии зерсистема инҳо дохил мешаванд:

маълумоти касбӣ, тайёркунӣ ва бозомӯзии коргарон;

баландбардории дараҷаи тахассуси коргарон;

нишонагирии касбӣ ва банақшагирии мансаб;

ҷобаҷогузории кормандон ва вазифа;

машварати дохилишркатӣ;

пешина
аз 512
навбатӣ