Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳангоми таҳлили тарзи идоракунии ҷопонӣ аксари маврид қайд мекунанд, ки аз ҳама асосӣ — ин идоракунии одамон буда, дар идоракунии американ бошад, ин идоракунии фондҳо, яъне қадаме мебошад, ки даромад ба сармояро таъмин менамояд. Таҷрибаи ҷопонӣ нишон медиҳад, ки иншооти идоракунӣ на фақат раванди истеҳсолию хоҷагидорӣ балки одам ҳамчун арзиши алоҳида ҳисобида мешавад. Бинобар ин, системаи идоракунии башарӣ фалсафаи иттиҳодиявии маданияти ташкилӣ мебошад, ки бар рафтори одамон таъсири калон мерасонанд. Чунин усул барои аниқ муайян кардани манфиати шахс ва ташкилот кӯмак мерасонад.

Ҳамин тариқ, дар ташаккули концепсияи идоракунии захираҳои башарӣ, таъсири омилҳои воқеии дар асри XXI пайдогашта, асос мешаванд.

Тарзҳои замонавии идоракунии башариро дар корхонаҳои соҳибкорӣ дида мебароем:

  1. Идоракунӣ аз рӯи натиҷаҳо — системае аст, ки ҳангоми ташкили роҳбарии ғайримарказонидашуда натиҷа медиҳад. Вазифаро гурӯҳи коргарон ба ӯҳда гирифта, натиҷаи он охирон муайян карда мешавад. Чунин система дар давраҳои муайяни вазифаҳо андозагирӣ ва натиҷагирӣ дорад. Вазифаҳое, ки ба марказ вогузошта мешаванд, ба воситаи муқоиса ба натиҷа муайян карда мешаванд.

  2. Идоракунӣ бо роҳи мотивиатсионӣ. Дар асоси омӯзиши талаботҳо, манфиатҳо, димоғҳо, мақсадҳои шахсӣ, инчунин баҳомоии мотивиатсия бо талаботҳои истеҳсолот ва мақсадҳои корхона мебошад. Сиёсати кормандӣ дар асоси тарҳи ба инкишофи захираҳои башарӣ равонакардашуда, мустаҳкам кардани муҳити маънавию рӯҳӣ ва иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ амалӣ мегардад.

Дар идоракунӣ тарзҳои гуногуни мотивиатсионӣ кор карда шудаанд, ки дар давлатҳои тараққикарда васеъ истифода бурда мешаванд, ки шаклҳои анъанавии он инҳо мебошанд:

  1. Модели оқилонаи мотивиатсионӣ, ки асосашро истифодабарии ҳавасмандии моддӣ ба натиҷаи кор ташкил мекунанд.

  2. Модели мотивиатсионӣ, ки ба хурднишондиҳӣ равона шуда, мазмунашро мотивҳои дохилии одам ташкил мекунад.

  3. Модели мотивиатсиянии ҳамкории иштирок дар идоракунӣ, моликият ва ҳокимият.

пешина
аз 512
навбатӣ