Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Яъне ҳангоми кам шудани талабот нарх низ бояд паст шавад. Муайян кардани хати каҷи талабот аз рӯи нархҳо корхонаҳо бо роҳи зерин мегузаронанд:

  1. Таҳлили оморӣ.

  2. Гузаронидани озмоишҳо бо нарх.

  3. Гузаронидани пурсиши мизоҷон.

Нархи баландтарин дараҷаи таклифотро муайян карда, дараҷаи поёнии нарх хароҷоти ташкилотро нишон медиҳад.

Молтаъминкунанда ҳаракат мекунад, ки ҳамон хел нархе монанд, ки хароҷотҳои истеҳсолӣ ва тақсимоту фурӯшро рӯйпуш намоянд, инчунин ҳақмузд ба таклифот ва таваккали бозор гиранд.

Хароҷотҳоро аз рӯи моҳияти иқтисодӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд:
хароҷотҳои доимӣ ва тағйирёбанда.

Хароҷотҳои доимӣ хароҷотҳое мебошанд, ки новобаста аз ҳаҷми фурӯш ва даромад аз фурӯши мол бетағйир мемонанд. Ба ин хароҷотҳо дохил мешаванд: хароҷотҳои иҷорапулӣ, фоизи қарз, гармидиҳӣ, музди меҳнати маъмурият ва ғайра.

Хароҷотҳои тағйирёбанда бевосита ба дараҷаи истеҳсолоти корхона вобаста аз он аст, ки нархи пластмасса, микроравандҳо ва қутиҳо чӣ хел тағйир меёбанд. Барои он тағйирёбанда номида мешаванд, ки вобаста аз истеҳсоли миқдори маҳсулот арзиши умумӣ тағйир меёбад.

Солҳои охир қисме аз корхонаҳо стратегияи нархгузории воқеиро пеш гирифтанд, ки адолати нархгузориро таъмин менамоянд. Хулоса, хуб мешуд, ки ташкилотҳо дар вақти муайян кардани нарх сикли ҳаётии молро нишонагирӣ мекарданд.

21.5. Идоракунии барномаҳои маркетингӣ

Барои идоракунии фаъолияти маркетингии корхона роҳбарият бояд доираи фаъолиятҳое, ки ба ин соҳа вобаста мебошанд, омӯзанд. Пеш аз ҳама ин фаъолият дар асоси барномасозии маркетингӣ ҷорӣ мегардад. Дар барномасозӣ моҳияти функция ва вазифаҳои маҷроҳои алоҳидаи маркетингӣ нишон дода мешаванд.

пешина
аз 512
навбатӣ