Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
худро гум накардааст. Ҳарчанд, ки дар давлатҳои пешқадам ва тараққикарда аллакай ин функцияи нарҳ, моҳияти худро қариб гум кардааст, нарҳ ҳамчун унсури асосии фоиданокии корхона, нишондиҳандаи самаранокии кори онҳо, қобилияти рақобатнокии онро дар бозор нишон медиҳад.
Аксари маврид рақобати нарҳӣ - аз масоили муҳими ташкилотҳо мебошанд. Яъне корхонаҳо доимо дар талошу ҷустуҷӯи роҳҳои кам кардани хароҷотҳо ва аз ин ҷо паст кардани нархи молҳо мебошанд.
Сиёсати нархгузорӣ дар ташкилотҳо гуногун мебошанд. Дар корхонаҳои хурд аксари маврид нарҳро роҳбарони корхонаҳо муайян мекунанд, дар корхонаҳои калон менеҷерони сохторҳои таркибӣ ва хатҳои молӣ муайян мекунанд. Дар корхонаҳое, ки нархгузорӣ омили асосӣ ба ҳисоб меравад, шӯъбаи махсуси нарх ташкил карда мешавад. Инчунин дар муайян кардани нарх менеҷерони бахши фурӯш, молия ва муҳосиба таъсир мерасонанд.
Зарурияти нархгузории аввала вақте пайдо мегардад, ки корхона моли навро кор карда мебароранд, ё бозори худро дар территориияи нав васеъ кардани мешаванд. Дар ин ҳолатҳо корхона қарори оид ба мавқеи молро доир ба сифат ва нарх муайян мекунанд.
Дар расми 14 нӯҳ имконоти стратегияи ташкилот доир ба «нарҳ -сифат» муайян карда шудаанд. Стратегияи 1, 5 ва 9 мумкин аст, ки якхела дар як бозор пайдо шаванд, вақте ки як ташкилот моли баландисифатро бароварда, бо нархи баланд, корхонаи дигар бошад сифати миёна, нархи миёна мефурӯшад.
НАРХ
| Баланд | Миёна | Паст |
|---|---|---|
| Баланд | 1. Стратегияи иловапулиҳои мукофотӣ | 2. Стратегияи нархи баланд |
| Миёна | 4. Стратегияи нархҳои баландбардошташуда | 5. Стратегияи нархи миёна |
| Паст | 7. Стратегияи ғоратгарӣ | 8. Стратегияи иқтисодиёти дурӯғ |
Расми 14. Нӯҳ стратегияи нишондиҳандаи «нарх-сифат».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё