Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Яке аз усулҳои хизматрасони гуногунсамт дар соҳаи хизматрасонӣ, ин таклифоти доимӣ нисбат ба рақибон, сифати баланди хизматрасонӣ мебошад, ки талаботи мизоҷонро қонеъ мегардонанд.
Нишондиҳандаҳои баланди хизматрасонӣ:
-
Дилпурона. Қобилияти иҷрои аниқи хизматҳое, ки ваъда шудаанд.
-
Хоҳишмандона. Бо хоҳиши баланд кӯмак кардани истеъмолкунанда барои таъмини хизматрасониҳо.
-
Боваркунонӣ. Масъулиятнокии боварӣ ва эътимоднокии хизматрасонӣ.
-
Ҳис кардани истеъмолкунанда. Ғамхорӣ зоҳир кардан, усули инфиродии хизмат ба мизоҷон.
-
Моддӣ. Имконоти таъмини пурраи таҷҳизотҳо ба ҳайат.
Вазифаи асосии менеҷмент, коркарди стандартҳои баланди хизматрасонӣ ва назорати иҷрои он мебошад.
Ташкилотҳои беҳтарини хизматрасонӣ стандартҳои баландтарини сифати хизматрасонии мизоҷонро тартиб медиҳанд.
Менеҷерони корхонаҳои хизматрасонӣ муайян намудаанд, ки муносибати истеъмолкунандаи ба корхона бисёртар аз таъби хизматрасонандагон вобаста мебошад. Дар аксарияти корхонаҳо системаи маркетингии дохилӣ кор карда мешавад, инчунин системаи дастгирӣ ва ҳавасмандкунии коргарон барои хизматҳои баланд нишон дода шудааст. Менеҷерон бошанд доимо дараҷаи қаноатмандии мизоҷонро пурсида меистанд. Аз рӯи ақидаи Карл Албрехт «аз коргари бадбахт то террорист масофа як қадам» мебошад.
Роҳбарияти корхонаи хизматрасонӣ бо хароҷоти кам бояд ҳосилнокии баландро таъмин карда тавонад. Аслан тарзҳои зерини баланд бардоштани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои хизматрасонӣ ҷудо карда мешаванд:
-
Баланд бардоштани дараҷаи касбии коргарон, беҳтар кардани системаи интихоб ва омӯзиши коргарон.
-
Зиёд кардани номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда аз ҳисоби каме паст кардани сифати хизматрасонӣ.
-
Саноатикунонии хизматрасонӣ ба таҷҳизонии хуби техникӣ ва меъёргузории ҷараёни хизматрасониҳо равона шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё