Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Дар ташкилу тартиб додани ҳуҷҷат ва гардиши он дар корхона роҳи муҳимро шакли дурусти ҷобаҷогузорӣ, назорат ва иҷрои он мебозад. Дар адои ин вазифа менеҷер, пеш аз ҳама, имзо ва иҷрои нуқтаҳои ҳуҷҷатҳои дохилшавандаро ба он шахсоне ҳавола мекунад, ки дар корхона масъул ва барои он ҷавобгӯянд. Имзо ва тафтиши ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои менеҷер вақти зиёдеро мегирад, ки ин ба самаранокии кори ӯ халал мерасонад. Инчунин барои иҷрои саривақтии кор монеа мешавад. Олимон исбот кардаанд, ки дар идоракунӣ агар ҳуҷҷат якбора ба дасти иҷрокунанда расад, шакли фаврии иҷрои кор меафзояд.
Ҳуҷҷатҳои дохилии корхонаро бошад, мумкин аст, ки то андозае кам кунем. Мисол, якчанд фармонро доир ба ҳайати коргарон якҷоя карда, аз хароҷотҳои зиёдатӣ барои ҷамъи имзоҳо озод бошем. Барои самаранок шудани кори менеҷер дар корхона вай метавонад якчанд ҳуҷҷатро якҷоя карда, як нусха дар шакли ахбор, ки ҳам нишонаи сифатӣ ва ҳам нишонаи миқдорӣ дорад, қабул намояд.
16.5. Худшиносӣ дар рафтори менеҷер
Донистани кор, шакл ва роҳҳои ташкили он вазифаи муҳими менеҷер мебошад. Барои иҷрои коре бояд донист, ки тақрибан ҳаҷму миқдораш чӣ гуна аст, чӣ тавр метавон онро анҷом дод, бо кадом роҳу усул ва барои иҷрои он чӣ қадар қуввату маблағ сарф мешавад. Он гоҳ метавон корро баҳри ба даст овардани мақсади дарпешгузошта дуруст ташкил намуд. Ҳар як роҳбар - менеҷер қабл аз он, ки ба кор оғоз намояд, бояд нерӯ, дониш, қобилият ва имконияти худро ба таври воқеӣ донад ва танҳо. Дар он сурат метавонад, меҳнати хешро дурусту муфид ташкил бикунад.
Аксари олимон чунин меҳисобиданд, ки роҳбарӣ кардан ин қобилияти модарзодист, аслан чунин қобилият дар раванди фаъолият зина ба зина инкишоф меёбад ва мо барои ба ин зина расидан бояд, ки таҷриба андӯзем ва илова бар ин санъати роҳбариро аз худ намоем.
Ба ин манзур, роҳбарон-менеҷерони, ки дар корхона нерӯи пешбарандаи асосии фаъолияти истеҳсолот мебошанд, зиёд меомӯзанд, то ки мутобиқи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё