Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

гузариш аз ҳудуди давлатии маҳдуди маркетингӣ ба глобалӣ. Вобаста аз васеъшавии бозори ташкилотҳо талаботи менеҷерон ба ахбори фаъол меафзояд;

гузариш аз қаноатмандии талаботҳои асосӣ ба иҷрои хоҳишҳои одамон. Дар баробари афзоиши даромади истеъмолкунандагон онҳо талаботҳои худро аниқ ва маълум менамоянд;

ҷои рақобати нархиро рақобати ғайринақдӣ мегирад. Истеҳсолкунандагон бештартар шаклҳои ҷалбкунии мизоҷонро бо роҳи тамғаи тиҷорат, реклама, ягонагии мол ҷалб мекунад.

Дар маркази тағйиротҳое, ки ба вуҷуд омадаанд, мавқеи асосиро ахбори системаи технологии компютерӣ телевизионӣ, телефонии, видео ва дискҳои компактӣ ташкил мекунанд.

Дар шароити имрӯза нишонгирии ахборӣ - имконоти менеҷерон доир ба ахбори ҳолати бозор, бартарияти асосии ташкилот мебошад.

Омӯзиши бозор ва гирифтани ахбори зарурӣ ба ташкилотҳо имкон медиҳад, ки сегментҳои ояндаи бозорро аниқ карда, фоидаи худро ба нақша гиранд. Қисми зарурии чунин таҳсилро оилакашии ҷорӣ ва инкишоф ташкил медиҳанд.

Ҳар як ташкилот вазифадор мебошад, ки менеҷерони худро ба ахбори зарурии маркетингӣ таъмин намоянд.

Системаи ахбории маркетинги (САМ), ин ахбори молҳои алоҳида, таҷҳизотҳо ва тартиботи ҷамъоварии ахбор, ҷобаҷокунӣ, таҳлили баҳодиҳӣ ва тақсимотро дар вақти қарори маркетингии ахбори аниқи саривақтӣ меноманд. Мақоми САМ дар муайян кардани талабот ба ахбор, барои идоракунии маркетингӣ, қабул ва пешниҳоди саривақтии он ба менеҷерон мебошад. Маълумотҳоро аз ҳисоботҳои дохилии ташкилотҳо, назорати маркетингӣ, тадқиқотҳо ва таҳлилҳои маркетингӣ додан мумкин мебошад:

  1. Системаи ахбори дохили маркетингӣ (САДМ). Дар ин гурӯҳи ахбор маълумотҳо оиди фармоишот, фурӯши мол, захираҳо, қарзҳои дебиторӣ ва кредиторӣ мебошанд. Таҳлили ахбори дохилӣ ба менеҷер имкон медиҳад, ки имконотҳои оянда ва масъалаҳои компанияро муайян созад.
пешина
аз 512
навбатӣ