Зеҳн
Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа

ТиҷоратИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан
  1. Сифати воизӣ, қобилияти ба худ ҷалб карда тавонистани диққати дигаронро дошта бошад, аз уҳдаи ба мардум фаҳмонидани фикру ақидаи хеш ба хубӣ барояд.

  2. Ҳар шахсро дуруст дарк карда тавонистан, фаҳмидани тарафҳои мусбат ва манфии ҳар коргар, ҳиссиёт ва фаҳмиш, табъу завқ, қобилият, имконият ва дигар ҳолатҳои он.

  3. Бо коллектив якҷоя кор карда тавонистан, гӯш кардан ва ба ҳисоб гирифтани фикри дигарон.

Дар ИМА барои дарёфт ва интихоби мутахассисон ширкатҳои махсус амал мекунанд, ки мушоҳидаҳо мегузаронанд. Мушоҳида, албатта, махфӣ гузаронида мешавад. Мисол, аз рӯи чунин нишонаҳо: менӯшад ё не, чӣ тавр зиндагонӣ дорад, муносибати ӯ бо мардум, ҳамкорону наздикон, аҳли байт чӣ гуна аст ва ғайра.

Шакли интихоби мутахассис бошад, чунин аст: баъд аз талаби ширкат комиссия аз ҳазор номзад танҳо 60 тоашро интихоб мекунад, аз ин 4-5 нафарашон аз санҷиши комиссия мегузаранд ва 2-3 нафари онҳо ба ширкат пешниҳод карда мешавад ва кадоме аз номзадҳо писанд ояд, ӯро интихоб мекунанд. Хароҷоти интихоб аз ҳисоби ширкате, ки барои он коргар лозим аст, пардохта мешавад.

Бинобар ин, мо бояд аз зиёд шудани шаклҳои таълим натарсида, баръакс аз ин усул ҷонибдорӣ кунем, то ки чунин мактабу донишкадаҳо зиёд шаванд ва аз байни онҳо дастпарварони беҳтаринашонро барои кор дар истеҳсолот тавсия диҳем.

Таҷрибаи мамлакатҳои хориҷӣ нишон медиҳад, ки ҳамаи сифатҳои дар боло зикргардида ва талабот доир ба кормандони идоракунанда, умуман, мутахассисон, ҳамон вақт амалӣ мегарданд, ки агар бозори мол вуҷуд дошта бошад ва ҳар истеҳсолкунанда, корхона, ширкат бевосита ба рақобати он дучор ояд. Маҳз рақобати бозорӣ, роҳбар, усто ва дигар мутахассисонро маҷбур месозад, ки аз навоварии илму техника, қобилияти шахсии ҳар кас, санъати идоракунӣ ва соҳибкорӣ истифода карда, корхонаро аз касодӣ наҷот диҳанд, илова бар ин аз фурӯши моли худ фоида гирифта, мавқеи иқтисодии худро дар байни дигар корхонаҳо мустаҳкам намоянд.

пешина
аз 512
навбатӣ