Менеҷмент. Қисми II (Ғаниев Таварали Бобоевич)

Китоби мазкур қисми дуюми дастури таълимӣ оид ба масъалаҳои муҳими менеҷмент ва идоракунӣ мебошад. Дар он асосҳо, принсипҳо ва усулҳои муосири идоракунии ташкилоту корхонаҳо баррасӣ шудаанд. Китоб барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 512 саҳифа
Маҷлиси умумии дорои ваколатҳои зерин аст:
❖ муайянкунии самтҳои асосии фаъолияти ҷамъият, тасдиқи нақшаҳои он ва ҳисобот оид ба иҷрои онҳо;
❖ тағйирдиҳии оинномаи ҷамъият;
❖ интихоб ва бозхости аъзои органи Шӯрои ҷамъияти саҳҳомӣ (шӯрои назоратӣ);
❖ тасдиқи натиҷаҳои солонаи фаъолияти ҷамъияти саҳҳомӣ ва хулосаҳои комиссияи тафтишотӣ;
❖ тартиби тақсими фондҳо, муайян кардани тартиби пӯшонидани зарарҳо;
❖ созмон, дигаргунсозӣ ва маҳви ширкатҳо ва намояндагиҳо, тасдиқи низомнома ва оиннома дар бораи онҳо;
❖ баровардани қарор дар бораи ба ҷавобгарии молу мулкӣ кашидани шахсони мансабдори ҷамъият;
❖ тасдиқи қоидаҳо, расму оин ва дигар ҳуҷҷатҳои дохилии ҷамъият, муайян кардани сохтори ташкилии ҷамъият;
❖ ҳалли масъала оид ба харидорӣ ё гирифтани саҳмияҳои ҷамъият;
❖ муайян кардани шартҳои музди меҳнати шахсони мансабдори ҷамъияти саҳҳомӣ, ширкатҳо ва намояндагиҳои он;
❖ қабули қарор дар бораи қатъи фаъолияти ҷамъият.
Оинномаи ҷамъият ба маҷлиси умумӣ ваколатҳои дигарро низ дода метавонад.
Маҷлиси умумӣ салоҳиятдор ҳисобида мешавад, агар дар он саҳҳомоне, ки мувофиқи оиннома дорои зиёда аз 60% овозҳоянд, иштирок мекунанд. Лекин барои ҳалли масъалаҳои тағйирдиҳии оинномаи ҷамъият, қабули қарор оид ба қатъи фаъолияти ҷамъият ва муассиса, қатъи фаъолияти филиалҳо дар маҷлиси умумӣ бо иштироки аксарият — аз чор се ҳиссаи овозҳои саҳҳомони дар маҷлис иштироккунанда, зарур аст. Оид ба ҳамаи масоили боқимонда қарорҳо бо аксарияти овозҳои умумии саҳҳомони дар маҷлис иштироккарда қабул карда мешаванд.
Органи иҷроияи ҷамъияти саҳҳомӣ, ки роҳбарии фаъолияти ҷории онро пеш мебарад, раёсат, ё органи дигаре, ки оиннома пешбинӣ кардааст, мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё