Менеҷмент. Қисми I

Китоби мазкур асосҳои назариявӣ ва амалии менеҷментро дар бар мегирад. Он ҳамчун маводи таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олии касбӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 465 саҳифа
таъмин кардани талаботи истифодабаранда;
мустаҳкамии ахбор;
баҳои истифодабарандагони системаи ахборӣ ба ҷараёни кории технологияи нав.
- Моҳияти индивидуалии система:
дараҷаи таъсири системаи нав ба шиддатнокии кори коргарон ва менеҷмент;
таъсири система ба инкишофи дониш ва баландшавии ҳосилнокии меҳнатии ҳар як истифодабаранда;
таъсири ташкилии система. Кам кардани табақаҳои зиёдатӣ ва хароҷотҳои зиёдатии корхона;
таъсири система ба дараҷаи даромаднокии корхона.
Ҳамин тариқ, самаранокии ҷорӣ намудани технологияи нави ахборӣ дар корхона, яке аз равандҳои асосии фаъолияти менеҷменти корхона ва звенаҳои болоии идоракунӣ буда, сарчашмаи муваффақиятҳои реалии кори корхона мебошад. Дар ҳақиқат, ҳазораи сеюм хусусияти инкишофи технологияи мураккаберо ба худ доро мебошад, ки моҳияти онро ҳар як аъзои менеҷменти корхона ва истифодабарандагони системаи ахборӣ бояд донад ва ҳаракат намояд, ки ҳамеша дар сафи пеши бозори технологӣ бошад.
5.6. Саволҳои санҷишӣ
- Кадом алоқамандии менеҷмент ва ахборро медонед?
- Ахбор, хабар, ҳолат ва ҳодисаро шарҳ диҳед.
- Ахбор чӣ тавр гурӯҳбандӣ карда мешавад?
- Системаи ахбор гуфта чӣро меноманд?
- Технологияи ахборӣ чист?
- Моҳияти ташкили дурусти ахбор дар менеҷмент кадомҳоянд?
- Шаклҳои навини ахбори менеҷментро шарҳ диҳед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё