АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

ЗАБОНИ БАРНОМАСОЗИИ PYTHON
Асосҳои забони барномасозии Python Забони барномасозии Python воситаи универсалӣ барои таҳияи барномаҳои таъйиноти гуногун буда, омӯзиши он ҳатто барои навомӯзон дастрас аст. Агар шумо қаблан бо истифода аз блокҳо дар муҳити Scratch барнома сохта бошед, омӯхтани барномасозӣ бо забони Python барои шумо хеле осонтар хоҳад шуд. Биёед муқоиса намоем, ки фармонҳои ҳаммонанд дар барномаи Scratch ва Python чӣ гуна навишта мешаванд:
Дар расм сохтори шартии Scratch ва намунаи мувофиқи Python нишон дода шудаанд. Дар барномаи воқеӣ бадани if ва else бояд фармон дошта бошад; барои блоки муваққатан холӣ pass менависанд.
Рамз дар забони Python ба осонӣ хонда мешавад ва муҳити интерактивии он имкон медиҳад, ки барномаҳо ворид карда шуда, натиҷаи иҷрои онҳо амалану фаврӣ ба даст оварда шавад.
Имрӯз бо ин забон барои бонкҳо ва ширкатҳои рақамикунонӣ барномаҳои гуногун таҳия карда мешаванд. Ҳамчунин, бисёр таҳлилгарон маҳз бо истифода аз забони Python додаҳоро коркард ва таҳлил менамоянд.
Ба шарофати синтаксиси сода ва фаҳмо, оғоз намудани барномасозӣ бо ин забон осон аст.
Барои навиштан ва иҷро кардани барнома дар Visual Studio Code се ҷузъ лозим аст: тафсиргари Python, муҳаррири Visual Studio Code ва васеъкунии Python аз Microsoft. Тафсиргар рамзро иҷро мекунад, муҳаррир барои навиштани рамз хизмат мекунад ва васеъкунӣ кори муҳаррирро бо Python осон мегардонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё