АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

АСОСҲОИ АЛГОРИТМСОЗӢ
Алгоритм пайдарпайии дақиқи амалҳоест, ки иҷрокунанда барои ҳалли масъала анҷом медиҳад. Он додаҳои вурудиро ба натиҷаи зарурӣ табдил медиҳад.
Хусусиятҳои асосии алгоритм
Алгоритм бояд аз қадамҳои ҷудогона иборат бошад. Ҳар қадам бояд дақиқ ва барои иҷрокунанда фаҳмо бошад. Барои додаҳои иҷозатдодашуда алгоритми ҳалли масъала бояд пас аз шумораи ниҳоии қадамҳо анҷом ёбад ва натиҷаи муайян диҳад. Алгоритми умумӣ бояд барои як гурӯҳи масъалаҳои ҳамнавъ, на танҳо барои як мисоли мушаххас, истифода шавад.
Таҳияи алгоритм аз муайян кардани додаҳои вурудӣ ва натиҷаи зарурӣ, тартиб додани қадамҳои ҳал ва санҷидани онҳо иборат аст. Мисол:
дарозӣ ва паҳноии росткунҷа маълуманд; масоҳати онро ёбед.
Додаҳои вурудӣ: дарозии a ва паҳноии b, ки ҳар ду мусбатанд.
Натиҷа: масоҳати s. Қадамҳои алгоритм: a ва b-ро қабул мекунем; ҳосили зарби онҳоро ҳисоб мекунем; натиҷаро нишон медиҳем. Формулаи ҳисоб s = a × b аст. Барои a = 5 ва b = 3 натиҷа s = 15 мешавад.
Ҳангоми сохтани блок-схема оғоз ва анҷомро бо байзашакл, вуруд ва баромадро бо параллелограмм, ҳисобро бо росткунҷа ва санҷиши шартро бо ромб нишон медиҳанд. Хатҳои тирчадор тартиби иҷрои қадамҳоро муайян мекунанд.
Дар алгоритми хаттӣ амалҳо пайдарпай иҷро мешаванд. Дар ин сохтор санҷиши шарт ва такрори амалҳо вуҷуд надорад.
Дар алгоритми шоханок тартиби иҷрои амалҳо ба натиҷаи санҷиши шарти муайян вобаста мебошад. Агар шарт иҷро шавад, як гурӯҳи амалҳо ва дар ҳолати иҷро нашудани он гурӯҳи дигари амалҳо интихоб мегарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё