АСОСҲОИ АЛГОРИТМ ВА БАРНОМАСОЗӢ БО ЗАБОНИ PYTHON

Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 71 саҳифа
Профессори кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети Физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷӯраев Х.Ш.
Дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва амнияти иттилоотии факултети технологияҳои иттилоотӣ коммуникатсионии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ Назаров А.Ш;
Дастури таълимии «Асосҳои алгоритм ва барномасозӣ бо забони Python» барои хонандагоне пешбинӣ шудааст, ки истифодаи ибтидоии компютер ва амалҳои асосии арифметикиро медонанд ва омӯзиши барномасозиро оғоз мекунанд. Дастур инчунин метавонад ба омӯзгорон ҳамчун маводи ёрирасон хизмат намояд.
Дар дастур мафҳуми алгоритм, тағйирёбандаҳо, намудҳои додаҳо, операторҳои шартӣ, даврҳо, функсияҳо, рӯйхатҳо, кортежҳо, луғатҳо ва сатрҳо шарҳ дода мешаванд. Мавзӯъҳои графика, рекурсия, ҷустуҷӯ, мураттабсозӣ ва матритсаҳо барои идомаи омӯзиш пешниҳод шудаанд.
Мавод бо мисолҳои амалӣ ва супоришҳои мустақилона тақвият дода шудааст. Барои омӯзиш забони барномасозии Python истифода мешавад.
Хонанда бояд ҳар мисолро иҷро намояд, натиҷаро бо шарҳ муқоиса кунад ва баъд масъалаи монандро мустақилона ҳал намояд.
Имкониятҳои забони барномасозии Python шарҳ дода шудаанд, ки барои дарк ва татбиқи мафҳумҳои асосии барномасозӣ заруранд. Барои аз худ намудани маводи назариявӣ ва иҷрои супоришҳои амалӣ дастуру тавсияҳои зарурӣ оварда шудаанд. Бо мақсади таҳкими дониш ва рушди малакаҳои барномасозӣ мисолу масъалаҳои сершумор, намунаҳои ҳалли онҳо ва роҳнамоиҳои мувофиқ пешниҳод гардидаанд.
Дастури таълимии «Асосҳои алгоритм ва барномасозӣ бо забони Python» дар ҷаласаи назди мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон, барраси ва тасдиқ шуда барои нашр иҷозат дода шуд. Аз 31 августи 2026 сол №7.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё