ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Хоки хунук, бели нўгтез...
– Э, не-не, аз таги кўрпачаҳо ҷо-ҷо садсўмаю панҷсадсўмаҳои шарақосиро мебинию оби даҳанат мерезад. Дукаса ҷамъ мекунед.
Баъди фосилае дар кафи дастатон як бандча пул. Гўё ки Хўҷаи Хизр назар карда бошад. Ҳисоб мекунед, ҳисобаш гум. Нимаша ба кисаи худат мезанию ними дигараша «ин ҳаққи ту, занак» – гуфта ба дасти янгамулло меқапонӣ. Янга ин пулҳоро дида ҳама чизро фаромўш мекунад, ҷувонаро ҳам, азоби онрўзаи меҳмондориро ҳам. Эҳе, чияша мепурсӣ, ҷўра ...
Вақте ки Эшмат ин гапҳоро мегуфт, даҳони Тошмат ба гўшҳояш ҳарифона мехўрд, чеҳрааш гул-гул мешукуфт. Дар дил ба ҷўрааш ҳасанот мегуфт, ки чунин калла дорад. Чаро то ҳол ба ёди ў ҳамин гапу кор нарасидааст. О, вай худаш бо ҳамин ду гўшаш шунида буд, ки ҳама касон: хоҳ калоншаванда бошаду хоҳ майдашаванда пеш аз курорт рафтан ҳамин хел мекунанд ва бо бандча-бандча пулҳои шарақосӣ ба курорт рафта кайфу сафо карда меоянд.
– Офарин ба ту ва ин каллаи пурмағзат, ҷўра. Ин корро ҳатман мекунам. Занам нуққӣ намегуяд. Исто, ки аввал туя ҷеғ мезанам. Меоӣ?
– Албатта. Аз дўст як ишорат, аз мо ба сар давидан.
– Хайр агар кушоду равшан гўем, чи қадар ҳиммат мекунӣ?
– Кайҳо барои ту як панҷсадсумаи ҳаштқадшударо дар лифаи эзорам баҷо карда мондам. Ҳамон садқаи сари ту.
– Мешавад. Агар аз ту бариин мумсик панҷсад сўм барояд, дигарон домани ҳимматро васеъ мекушоянд. Шуд, гапамон пухт.
Дили занака ёфта хўрду хўрокро ду-се бор зиёд мекунам. Хайр, ман рафтам. Боз бе путевка намонам.
Тошмат тирвор тарафи местком давид.
Шаб кайҳо аз нисф гузашта буд. Тошмату занаш дам ба дам ба соат нигоҳ карда ноаён чашмакӣ мезаданд. Нигоҳи онҳо чунин мегуфт: кай мераванд ин хираҳо. Чӣ, хона надоранд магар?
Ниҳоят меҳмонҳо ба дастархон омин гуфтанд. Як-як аз ҷо бархоста берун баромада ба Тошмат орзуҳои зиёде баён карда омодаи рафтан шуданд.
Зану шўй меҳмони охиринро то беруни дар гусел накарда худро тирвор ба дарун заданд. Дар як дам чанги хона ба шифт бархост.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё