ФИҒОН

Ато Ҳамдам адиби маъруф ва сермаҳсул аст. Беш аз бист маҷмўаи ў, аз қабили қиссаву ҳикояҳо, новеллаҳо, хосса, асарҳои саҳнавӣ дар солҳои гуногун ба табъ расидаанд. Инак, боз як китоби нависандаи пуркор бо номи «Фиғон» ба хонандагони гиронқадр тақдим мешавад, ки навсанда ба жанрҳои дўстдоштаи худ содиқ монда, аз мавзўоти мухталифи рўзгори муосирони мо гоҳе ба дард ва гоҳе бо фахру умед ҳикоя мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 19 октябри 2026 · 315 саҳифа
– Намедонам.
– Набошад, маро бадиққат гўш кун.
– Ду рўз пеш аз рахти сафар бастанат, хешу табор, ёру ақрабора ба хона таклиф мекунӣ. Мегўӣ, ки фалон рўз ба курорт меравам. Ба муроди сафар якта ҷувоначаро ният карда мондагӣ ...
– Э, не! Аз даҳонат шамол барад, – пеши гапи Эшматро зуд қайчӣ кард Тошмат. – Занам худашро фалақ меандозад.
– Э, ба миёни гап лагад назан. Мон аввал ман тамом кунам, ана баъд навбати ту. Маъкул шавад, хуб мегўӣ, нашавад чор тарафат қибла. Сарату равғанат.
– Хуш, канӣ давомаша гўш кунем.
– Давомаш ҳамин ки ҷувоначая мекушӣ. Дар се дег алав мемонӣ. Дар якумаш дилу ҷигара мезирбонӣ, ба дуюмаш шўрбо меандозӣ, ба сеюмаш зирапалав... Меҳмонҳо ки омаданд, зану шў «хуш омаданд, хуш омаданд. Ба қадаматон ҳасанот» – гуфта хайра мақдам мегўед. Омадагиҳо ки ошу зиёфатро хўрданд, пеш аз бархостан, яъне вақти чойнўшӣ «Шумоҳо бемалол чой нўшида истетон, ман ҳозир меоям» – гуфта чанд дақиқа хонаро ба ихтиёри онҳо мемонӣ ва ба ягон тараф шох мешавӣ. Баъди ним соат омада мебинӣ, ки ҳама дар тараддуди хестан. Боз «Хуш омадед, нури дида тоҷи сар, аз курорт биём, боз ҳамин ҷо вомехўрем» – гуфта то беруни дар гусел мекунӣ.
– Хайр, ана гусел кардем. Аз ин ба мо чӣ фоида? О, хонасалот мешавем-ку.
– Э, намондӣ ки гапама то охир тамом кунам-а. Ин қадар саросема ту. О, чӣ хел дар шиками очаат нўҳ моҳу нўҳ рўзу нўҳ соату нўҳ ... тоқат кардӣ?
– Хайр, мебахшӣ. Тезтар тамом кун, ки вақти ношто шуд.
– Гўш кун. Меҳмонҳоя гусел кардӣ. Хуш, акнун бигўй. Баъд чӣ кор мекунед?
– Намедонам. Ба гуфти ту чӣ кор кунем?
– Сабр. Ҷои асосишба омадем. Ҳамроҳи янгамулло ба меҳмонхона медароед. Хуш ки бошад, ту ба янга ишора мекунӣ, ки секинакак кўрпачаҳоро бардошта ба як тараф кат кунад.
– Ин кора бе ту ҳам медонам. Давомаш ...
– Сабр, Тошматҷон. «Собирон аз сабр ёфтаанд». Ҳар гоҳе ки янга кўрпача мебардорад, ту ба таги он зеҳн мемонӣ. Зеҳн мемонию чиро мебинӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё